Дар Суғд бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни Наврӯз корҳои сабзу хуррамгардонӣ оғоз шуданд
ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар вилояти Суғд бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз корҳои омодагӣ оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Имрӯзҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободонию созандагӣ, бунёди иншооти ҷашнӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷашни Наврӯз вусъати тоза мегиранд. Инчунин дар тамоми шаҳру ноҳияҳо сохтмони иншооти гуногун бо ҷалби соҳибкорону сокинон густариш ёфта, симои маҳалҳо рӯз ба рӯз ободу зебо мегардад.
Иттилоъ дода шуд, ки дар вилоят бо мақсади таҷлили шоистаи ҷашни ниёгонамон — Наврӯзи сабзқабою гулбасар корҳои сабзу хуррамгардонӣ, шинонидани гулҳои мавсимӣ, таъмиру таҷдиди роҳҳои мошингард, ташкили чорабиниҳои фарҳангию варзишӣ ва анҷом додани амалҳои хайру савоб дар сатҳи баланд ба роҳ монда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Роҳҳои мошингарди ноҳияи Муъминобод таҷдиду навсозӣ мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд сохтмони иншооти ҷашнӣ вусъат меёбад
Дар ноҳияи Муъминобод корҳои сохтмонӣ вусъати тоза меёбанд






