Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
ДУШАНБЕ, 27.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 31 март то 5 апрели соли 2026 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор мегардад.
Дар Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон 120 нафар ҷавонони фаъолу боистеъдоди мамлакат иштирок менамоянд.
Фестивал бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии миллати тоҷик, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот, эҳёи анъанаҳои миллӣ, хусусан дар ҷашни Наврӯз баргузор карда мешавад.
Дар доираи ин фестивал барномаҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, илмиву амалӣ, омӯзишӣ, конфронс ва саёҳат ба мавзеъҳои фарҳангӣ дар назар аст.
Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз ба ҷашну сурури умумимиллӣ табдил ёфта, сол аз сол шаҳомату ҷалоли бештар мегирад. Яке аз фазилатҳои барҷастаи таҷлили ҷашни Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии хурду бузург мебошад. Бо ин мақсад ҳамасола барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар сар то сари мамлакат чорабиниҳои гуногун бо иштироки ҷавонони фаъоли ҷумҳурӣ, аз қабили фестивалу ҳамоиш ва бозиҳои миллии варзишӣ доир мегарданд.
Наврӯз на танҳо ҷашни мавсимӣ, балки падидаи муҳими фарҳангӣ ва тамаддунӣ дар байни халқҳои ҳавзаи тамаддуни форсӣ ва ҷаҳон мебошад, ки аз умқи таърих сарчашма мегирад. Давоми асрҳо ин ҷашн ҳамчун рамзи сулҳ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ байни мардумон хизмат кардааст. Дар фарҳанги тоҷикон Наврӯз бо анъанаҳои зебо, ойинҳои қадимӣ ва расму ойини пурмазмун таҷлил мегардад. Ҳамин аст, ки аз ҷониби Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои наздик чунин Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор мегардад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд






