Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 март бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз–пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея хабар доданд.
Дар ҳамоиш сафирони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ва дигар роҳбарони намояндагиҳои дипломатии кишварҳои дӯст, профессорони донишгоҳҳои Корея, роҳбарони муассисаҳои фарҳангӣ ва доираҳои мухталифи кишвари иқомат, намояндагони воситаҳои ахбори омма ва донишҷуёни тоҷик иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея Салоҳиддин Киром дар бораи ҷашни фараҳбахши Наврӯз–яке аз маҳбубтарин идҳои миллии тоҷикон сухан гуфта, сиёсати хирадмандона ва талошҳои хастагинопазири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки бо шарофати он Наврӯз ҷойгоҳи боз ҳам баландтар ва таҷлили он шукуҳу шаҳомати хосса касб кард, таъкид намуд.
Сипас, Раиси Анҷумани дӯстии Корея ва Осиёи Марказӣ Ли Ок Рён, Директори Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Корея Ким Гви-хва, директори департаменти Маркази байналмилалии мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором (UNESCO ICHCAP) Ким Доксун ва Президенти Анҷумани фарҳангии Корея Самуел Чунг ба муносибати Иди байналмиалии Наврӯз ҳозиринро табрик гуфтанд.
Дар қисмати асосии форум филми тоҷикӣ дар бораи таърих ва суннату ойинҳои Наврӯз намоиш дода шуда, профессори Донишгоҳи Ҳанйанг Ли Ҳи Су ва профессори Донишгоҳи мутолиоти хориҷии Ҳанкуки Корея хонум Сайёра Квак рӯнамоиҳоро дар бораи Наврӯз ва аҳамияти башарии он пешкаши иштирокдорон карданд.
Ҳамчунин мусиқинавози чирадасти тоҷик Гулҷамол Зоҳидова бо оҳангҳои марғуби наврӯзӣ фазои чорабиниро мутантан кард.
Дар фарҷом барои меҳмонон дастархони тоҷикӣ ороста шуд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея


















Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷашни байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил карда шуд
Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар шаҳри Хуҷанд ботантана таҷлил намуданд
Дар шаҳри Кӯлоб Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар фазои идона ва руҳбахш бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил гардид
«ҲАФТ СИН» ВА «ҲАФТ ШИН». Ин анъанаи неки Наврӯз рамзи фаровонҳосилӣ ҳисобида мешавад
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Наврӯзи байналмилалӣ дар шаҳри Турсунзода ботантана таҷлил гардид






