Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд

Март 25, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/.  24 март дар вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Узбекистон Форуми II байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд, ки ба таҳкими робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва рушди ҳамкории соҳибкорӣ равона гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад, ҷониби Тоҷикистонро дар ин чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода, инчунин масъулини мақомоти давлатӣ ва беш аз 100 соҳибкор намояндагӣ карданд.

Дар форум муовини Сарвазири Узбекистон Ҷамшид Хоҷаев ва муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода сухан намуда, иброз доштанд, ки имрӯз муносибатҳо байни Тоҷикистон ва Узбекистон бо тамоюли устувори болоравӣ рушд доранд. Бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурбинонаи роҳбарони давлатҳо ҳамкории дуҷониба ба сатҳи сифатан нави рушд расида, қариб тамоми самтҳои калидӣ- аз савдо ва сармоягузорӣ то ҳамкории саноатӣ, нақлиёт, логистика, фарҳанг ва робитаҳои башардӯстонаро фаро гирифтаанд.

Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид иброз дошт, ки Хатлон ҳамчун яке аз минтақаҳои калони аграрӣ ва саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои имконоти васеи сармоягузорӣ ва ҳамкорӣ буда, барои рушди ҳамкории байниминтақавӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Вилоят дорои иқтидори бузурги истеҳсолӣ, захираҳои табиӣ ва неруи меҳнатӣ буда, ба рушди соҳаҳои агросаноатӣ, нассоҷӣ ва коркарди амиқи маҳсулоти кишоварзӣ таваҷҷуҳи хосса медиҳад.

Гуфта шуд, ки дар вилоят ба гузариш аз ашёи хом ба истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши баланди иловашуда ва таъсиси корхонаҳои муштарак афзалият дода мешавад. Раиси вилоят аз соҳибкорони Узбекистон даъват намуд, ки дар рушди ҳамкорӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва густариши робитаҳои иқтисодӣ бо вилояти Хатлон фаъолона иштирок намоянд.

Иштирокчиёни форум дурнамои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, самтҳои нави шарикӣ ва иқтидори сармоягузории минтақаҳои худро баррасӣ ва муаррифӣ намуданд. Ин чорабинӣ ба густариши ҳамкорӣ байни доираҳои соҳибкорӣ, муайян намудани имконияти ҳамкории мутақобили судманд ва ҷалби сармоягузорӣ мусоидат менамояд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода, ҳокими вилояти Ҷиззахи Ҷумҳурии Узбекистон Улуғбек Мустафоев, ҳокими вилояти Сурхандарёи Ҷумҳурии Узбекистон Улуғбек Қосимов, муовини ҳокими вилояти Тошкенти Ҷумҳурии Узбекистон Ҷамшид Бобоҷонов ва муовини Раиси вилояти Суғди Тоҷикистон Анвар Яъқубӣ оид ба тақвияти ҳамкории дуҷониба, рушди робитаҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва густариши шарикӣ байни минтақаҳо ибрози андеша намуданд.

Дар доираи форум байни соҳибкорони Тоҷикистон ва Узбекистон шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд.

Ёдовар мешавем, ки аввалин Форуми байниминтақавии сармоягузории Тоҷикистону Узбекистону 9 июни соли 2021 дар шаҳри Бохтар баргузор гардида, дар таҳкими минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ замина гузошт.

Тибқи маълумоти соли 2025, ҳаҷми гардиши мол байни ду ҷумҳурӣ ба 718,3 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба нишондиҳандаҳои соли 2024    22,5 фоиз зиёд мебошад.

Ҳамзамон ҷонибҳо ҳадафи муҳимеро мувофиқа карданд, ки ҳаҷми савдои мутақобилро то 2 миллиард доллар расонанд. Ин аз иродаи онҳо барои густариши ҳамкории иқтисодӣ дар дарозмуддат шаҳодат медиҳад. Инчунин дар доираи форум павилонҳои махсусе ташкил гардиданд, ки меҳмонон ва аъзои ҳайатҳои расмӣ бо шароити муосири фароҳамшуда дар маҷмаа, инчунин бо намоишгоҳҳое, ки имконоти истеҳсолии минтақаҳоро муаррифӣ мекарданд, шинос шуданд.

 

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

Март 25, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид