Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад

Март 28, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 28.03.2026  /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба ҷудо дар Чемпионати Осиё, ки 16–18 апрел дар шаҳри Ордоси Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мегардад, иштирок мекунад. Ба ҳайати дастаи Тоҷикистон беҳтарин намояндагони ҷудои тоҷик — 9 варзишгар дар байни  мардон ва 4 варзишгар дар банйи занон дохил шудаанд.

Чемпионати қоравӣ яке аз муҳимтарин мусобиқаҳои мавсими имсола барои ҷудочиёни Осиё маҳсуб шуда, варзишгарони пурқуввати минтақаро ҷамъ меорад. Барои бисёре аз иштирокчиён ин мусобиқа имконияти ба даст овардани холҳои рейтинги байналмилалӣ ва санҷиши сатҳи омодагӣ пеш аз мусобиқаҳои бузурги байналмилалӣ ба ҳисоб меравад.

Дастаи мардонаи Тоҷикистонро 9 ҷудочӣ дар вазнҳои гуногун намояндагӣ мекунанд: Меҳрзод Суфиев (-60 кг), Эмомалӣ Нуралӣ, Обид Ҷебов (-66 кг), Муҳиддин Асадуллоев (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯзи Хоҷазода (-81 кг), Муҳаммадҷон Абдуҷалилзода, Шодмон Ризоев (-90 кг) ва Ҷаҳонгир Маҷидов (-100 кг).

Дар мусобиқаи занона шарафи Тоҷикистонро чаҳор варзишгар ҳимоя мекунанд: Ахлия Муъминова (-48 кг), Мадина Қурбонзода (-52 кг), Александра Кан (-57 кг) ва Виктория Киселёва (+78 кг).

Чемпионати Осиё ба таври анъанавӣ яке аз мусобиқаҳои калидӣ дар тақвими Федератсияи байналмилалии ҷудо барои варзишгарони минтақаи Осиё ба шумор меравад. Сабқатҳо дар шаҳри Ордос имконият медиҳанд, ки сатҳи омодагии ҷудочиёни тоҷик арзёбӣ гардида, дурнамои даста барои мусобиқаҳои муҳими байналмилалии оянда муайян карда шавад.

Интизор меравад, ки рақобат дар татамӣ хеле шадид бошад, зеро дар мусобиқа беҳтарин намояндагони ҷудо аз кишварҳои пешсафи Осиё, аз ҷумла Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон, Қазоқистон ва Муғулистон иштирок мекунанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 28, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд