Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад

Март 4, 2026 10:03

ДУШАНБЕ, 04.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамкориро дар самти забономӯзӣ бо яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Британияи Кабир – Донишгоҳи Вестминстер тақвият медиҳад.

Тавре аз ин донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Жило Гулназарзода бо намояндагони Донишгоҳи Вестминстер вохӯрӣ намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои мубрами рушди омӯзиши забони англисӣ дар Тоҷикистон, боло бурдани маҳорати омӯзгорон ва донишҷӯёни ихтисоси забони англисӣ, инчунин роҳҳои татбиқи барномаҳои муштараки илмӣ ва омӯзишӣ  баррасӣ карда шуданд.

Жило Гулназарзода иброз дошт, ки сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти рушди омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус забони англисӣ заминаи устувори ҳамкории нави академиро фароҳам овардааст.

Дар вохӯрӣ доир ба имконияти таълимӣ, ихтисосҳои марбут ба забони англисӣ, равияҳои омӯзгорию тарҷумонӣ ва иқтидори кадрии донишгоҳ маълумоти муфассал пешниҳод гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки ҳамкории ду муассиса дар доираи барномаи байналмилалии AELLCA (Accelerating English Language Learning in Central Asia) ва дар мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст. Ин иқдом ба баланд бардоштани сифати таълими забони англисӣ, такмили сатҳи касбии омӯзгорон ва таҳкими таҳсилоти фарогир дар муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат равона гардидааст.

Инчунин 2-3 март бо иштироки профессори Донишгоҳи Вестминстер Эндрю Линн барои омӯзгорон ва донишҷӯёни курсҳои болоии самти забони англисӣ даврҳои омӯзишӣ гузаронида шуданд, ки ба табодули таҷриба ва татбиқи усулҳои муосири таълим мусоидат мекунанд.

АКС:  Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода

Март 4, 2026 10:03

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд