Эмомалӣ Раҳмон: «Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар аст»

Март 7, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Модар, ки ҳамзамон бо оғози фасли баҳор — мавсими эҳёи табиат таҷлил мегардад, рамзи покиву зебоӣ ва офарандагии мавҷуди муқаддас — модар мебошад. Дар ин хусус дар паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Модар иброз гардидааст.

«Ин рӯзи муборак на танҳо рамзи эҳтиром ба модар ва арҷгузорӣ ба мақому манзалат ва қадру қимати ӯ мебошад, балки нишонаи эътирофи саҳми назарраси занон дар пешрафти давлат ва пойдории ҷомеа низ ба ҳисоб меравад, — изҳор доштанд Сарвари давлат. — Модар рамзи ҷовидонаи ҳаёти башар, меҳру муҳаббати поку беолоиш ва сарчашмаи ахлоқу одоби ҳамидаи инсонӣ мебошад».

Ҳамчунин Пешвои миллат таъкид намуданд, ки зан — модар дар ташаккули шахсияти фарзанд, пойдории оила, оромиву суботи ҷомеа ва пешрафти давлат нақши беназир ва бебаҳо дорад.

Таъкид гардид, ки рушди ҷомеа маҳз бо заҳмати шабонарӯзӣ, сабру таҳаммул ва муҳаббати самимии модарон ба таълиму тарбияи наслҳои солиму созанда таъмин мегардад.

АКС аз бойгонӣ

Март 7, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд