Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати фарорасии иди сайиди Фитр таъкид намуданд, ки тибқи таълимоти дини мубини ислом риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Дар идома Сарвари давлат ёдовар шуданд, ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим» низ масъалаи роҳ надодан ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон таъкид шудааст.
Аз ин рӯ, Пешвои миллат тазаккур доданд, ки таҷлили идҳо, аз ҷумла иди Фитр маросими маънавӣ ва эътиқодӣ буда, оростани «дастархони маънавӣ» дар ин айём муҳим мебошад.
«Зиёрати падару модар, калонсолону хешовандон, аёдати беморону азодорон, дуо ба руҳи гузаштагон ва анҷом додани дигар амалҳои хайру рафтори шоиста аз сифатҳои маънавию фарҳангии ин рӯз ба шумор мераванд», — иброз намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин Президенти мамлакат хотирнишон намуданд, ки ид тӯй нест, балки маросими эътиқодӣ мебошад ва сарфу хароҷоти зоҳирпарастона дар ин айём, ки хилофи суннатҳои сарфаю сариштакории мардуми бостонии мо мебошад, умуман зарурат надорад. Яъне ба ҷойи оростани дастархони серхарҷи идона ва намоишкориву исрофкорӣ, ки зарари маҳз аст, бояд дар фикри он бошанд, ки фарзандони худро дар муҳити солиму созгори оилавӣ тарбия намоянд, барои онҳо ва аҳли оилаи худ шароити беҳтари зиндагиро муҳайё созанд ва дигар амалҳои хайру савобро анҷом диҳанд.
«Исрофкорӣ, яъне зарар овардан бар муъмин аст, — таъкид намуданд Сарвари давлат. — Дини мубини ислом ҳеҷ як ибодат, маросим ва масъулиятро барои инсон бар ивази зарар раво надидааст».
Пешвои миллат аз ҳадиси саҳеҳ мисол оварданд, ки дар ислом на барои худ ва на барои дигарон зарар нест.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд






