«ХИДИРАЙЁМ». Дар ноҳияи Шуғнон ойинҳои наврӯзӣ намоиш дода шуданд

Март 22, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 22.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар муассисаи таълимии ноҳияи Шуғнон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон иттилоъ доданд.

Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо шукуҳ ва анъанаи хосса таҷлил мегардад. Дар ин минтақа Наврӯзро «Хидирайём» меноманд, ки маънои «иди калон» ё «иди бузург»-ро дорад. Омодагиҳо ба ҷашни Наврӯз дар Бадахшон аз аввали моҳи март оғоз ёфта, маросими гуногунро дар бар мегиранд.

Дар барномаи фарҳангӣ аз ҷониби хонандагони муассисаҳои таълимӣ ойинҳои наврӯзӣ пешниҳод гардиданд. Дар барнома таомҳои хоси наврӯзӣ, аз ҷумла суманак, кочӣ, бат ё ҳалво, ширруған, боҷ ё далда ба намоиш гузошта шуданд. Ин хӯрокҳо маъмултарин ғизоҳои наврӯзӣ дар Бадахшонанд, ки бештари онҳо аз гандум, орд ва шир таҳия карда мешаванд.

Ҳамчунин бозиҳои наврӯзии кӯдакона  бо номи «килоғузғуз» ё «талаб-талаб» намоиш дода шуданд. Иброз шуд, ки ҳангоми иҷрои ин намуди бозии наврӯзӣ наврасон рӯймолҳоро ба даст гирифта, аз равзана хона овезон намуда, тарона мехонанд ва соҳибхона бо шунидани он дар рӯйсарӣ шириние мебандад. Пас аз иҷрои ин маросим ба  умеди соли хушу нек кадбонуи хона ба китфи наврасон орд мепошад.

Дар барномаи наврӯзӣ хонандагон либосҳои миллиро ба намоиш гузоштанд.

Бояд гуфт, ки либоси миллӣ яке аз нишонаҳои асосии фарҳангу тамаддун, таҷассуми расму ойин, нишони зебоипарастӣ ва ифтихори ҳар миллат  ба ҳисоб меравад. Либоси миллӣ ёдгоре аз гузаштагон буда, аз давраҳои қадим то имрӯз зебоӣ ва назокату нафосаташро гум накардааст ва минбаъд низ аз байн намеравад.

АКС:  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон

Март 22, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо мақсади шиносоӣ бо дастовардҳои даврони истиқлол ва иштирок дар тантанаҳои наврӯзӣ ба Тоҷикистон ташриф овард
Эмомалӣ Раҳмон: Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад
Саҳми Пешвои миллат дар ҷаҳонишавии ҷашни Наврӯз беназир аст
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳифзи Наврӯз – ҳифзи ҳувият ва худшиносии миллати куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик мебошад
Наврӯз роҳи расидан ба саодат, адолат ва дӯстиро тавассути эҳтиром ба решаҳои таърихӣ ва табиат талқин менамояд
Эмомалӣ Раҳмон: Ҳамчун ворисони аслии тамаддуни ориёӣ суннатҳои наврӯзиро минбаъд низ пос дорем
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз моро ба некиву накукорӣ даъват мекунад
ГУЛҲОИ ВАТАН ДАР ЧАКАНИ МАН. Ин мероси пурарзиши ниёгон фарҳанг ва таърихи куҳани тоҷиконро инъикос менамояд
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз ба ягон дину мазҳаб пойбанд нест
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Эмомалӣ Раҳмон: Наврӯз яке аз куҳантарин ва пурмазмунтарин ҷашнҳои башарият мебошад