Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид

Март 25, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар варзишгоҳи шаҳраки Ғончии ноҳияи Деваштич бахшида ба ҷашни Наврӯз чорабини фарҳангии идона баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич хабар доданд, меҳмонон хаймаҳо ва растаҳои гуногуни наврӯзиро тамошо намуда, бо намунаи ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили қолинбофӣ, бофандагӣ, сӯзанидӯзӣ, кулолгарӣ, гаҳворасозӣ, порадӯзӣ, зардӯзӣ, сангбурӣ ва маҳсидӯзӣ, инчунин маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ, маҳсулоти қаннодӣ ва таомҳои хоси Наврӯз шинос шуданд.

Раиси ноҳияи Деваштич Ашуралӣ Ҷалилзода иброз намуд, ки Наврӯз яке аз қадимтарини иди миллии тоҷикон аст. Он таърихи зиёда аз шашҳазорсола дошта, куҳинтарин ойини миллӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Ин ҷашни муборак, ки аз ҷониби аҷдодони некному хирадмандамон асос гузошта шудааст, дар масири таърих на танҳо ба мардуми мо, балки ба бисёр халқҳои олам пайки шодиву сурур, бахту саодат, шукуфоиву зебоӣ, оғози кишту кор ва зиндашавии табиатро мерасонад.

Таҷлили шукуҳманди Ҷашни байналмилалии Наврӯз моро водор менамояд, ки барои ободу зебо гардонидани Ватан корҳои созадагию ободониро вусъат бахшида, барои таъмини зиндагии босаодат ва орому осудаи сокинони ҷумҳурӣ бештар заҳмат кашем ва сарҷамъу муттаҳид бошем.

«Наврӯзи имсола дар мамлакат дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, ба бештар тақвият пазируфтани ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ва иттиҳоду ягонагӣ мусоидат мекунад. Аз ин лиҳоз моро зарур аст, ки таҳти раҳнамоиҳои хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву бунёдиро барои истиқболи арзандаи ин ҷашни воқеан таърихӣ ва сарнавиштсоз вусъат бахшем»,-таъкид гардид дар чорабинӣ.

Ҳамзамон аз ҷониби аҳли фарҳанги ноҳия барномаи ҷолиб ва рангини консертӣ пешниҳод гардида, дар он зебоиҳои Ватани маҳбуб, сулҳу ваҳдат ва Наврӯз васф карда шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич

Март 25, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар ноҳияи Кӯшониён бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Ҷашни байналмилалии Наврӯз ботантана таҷлил карда шуд
Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар шаҳри Хуҷанд ботантана таҷлил намуданд