ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИМОЯИ ҲУҚУҚИ ИСТЕЪМОЛКУНАНДАГОН. Зиёда аз 86 тонна маҳсулоти бесифати бозорҳои истеъмолӣ нобуд карда шуд

Март 15, 2026 08:39

ДУШАНБЕ, 15.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 15 март Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон маҳсуб мешавад. Ҳадаф аз эълони ин сана тарғиби ҳуқуқҳои истеъмолкунандагон зимни хариди молу маҳсулот ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.

Тибқи маълумоти Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар моҳҳои январ ва феврали соли равон аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 225 ҳазору 281 ташхис гузаронида шуда, 6000,5 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 1266,7 килограмм (литр) маҳсулоти ширӣ, 225,5 литр равғани растанӣ, 4137 дона тухми паранда, 130,9 килограмм моҳӣ, 47,2 килограмм асал, 967 килограмм маҳсулоти намакин, 1239 маҳсулоти хушк, 70349 килограмм меваю сабзавот ва 1901 килограмм маҳсулоти полезӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат аз фурӯш боздошт ва нобуд карда шуданд.

Кумитаи бехатарии озуқаворӣ вазифаҳои махсуси иҷроиявӣ, назоратӣ, иҷозатдиҳӣ ва функсияҳои дигари дар соҳаҳои байторӣ, фитосанитарӣ, карантини растаниҳо, ҳимояи растаниҳо, тухмӣ ва зотпарварӣ муқарраргардидаро анҷом медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон якчанд санади меъёрию ҳуқуқӣ қабул намудааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» аз 9 декабри соли 2004 дар таҳрири нав қабул гардид. Ин қонун муносибатҳои байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунанда ва фурӯшандагонро дар мавриди хариди молу маҳсулот ва фармоиши кору хизматрасонӣ ба танзим медарорад.

Нақши асосии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ назорати таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ, пешгирии ба муомилот баровардани маҳсулоти пастсифат, шароити коркард, интиқол, нигоҳдорӣ ва фурӯши онҳо дар бозорҳои яклухт ва чаканаи ҷумҳурӣ, татбиқи чорабиниҳои пешгирикунандаи бемориҳои сироятии ҳайвонот ва организмҳои зараррасони карантинии растанӣ буда, мақомоти ҳудудии кумита дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ин сиёсатро амалӣ менамоянд.

Бо мақсади роҳ надодан ба воридоти маҳсулоти пастсифат ва хатарнок 37 нуқтаи назорати давлатии бехатарии озуқаворӣ дар гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият бурда, маҳсулоти озуқаворӣ аз тарафи мутахассисони Кумитаи бехатарии озуқаворӣ мавриди назорати байторию фитосанитарӣ қарор дода мешавад. Тамоми маҳсулоти озуқаворӣ тибқи тартиби муқарраргардида фақат бо иҷозати кумита ба ҷумҳурӣ ворид шуда, тамоми маҳсулоти гӯштию ширӣ мавриди назарсанҷӣ қарор дода мешавад ва баъдан бо назардошти хулосаи ташхис барои истифода ва истеъмол иҷозат дода мешавад.

Соли 2025 дар ҷумҳурӣ аз ҷониби мутахассисони озмоишгоҳҳои таъмини бехатарии озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 1 миллиону 309 ҳазору 977 ташхиси маҳсулоти озуқаворӣ гузаронида шуд. Дар натиҷа 26 ҳазору 651 килограмм маҳсулоти гӯштӣ, 8 ҳазору 507 килограмм маҳсулоти ширӣ, 722 литр равғани растанӣ, 20 ҳазору 374 дона тухми паранда, 482 килограмм моҳӣ, 364 килограмм асал, 4 ҳазору 145 килограмм маҳсулоти намакин, 4 ҳазору 762 маҳсулоти хушк, 122 ҳазору 966 килограмм меваю сабзавот ва 12 ҳазору 311 маҳсулоти полезӣ ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок аз фурӯш боздошта ва нобуд карда шуд.

Бо мақсади ҳимояи манфиатҳои ҳуқуқи истеъмолкунандагон дар тамоми бозорҳои истеъмолӣ ва нуқтаҳои бузурги фурӯши маҳсулоти озуқавории ҷумҳурӣ 65 озмоишгоҳи таъминоти бехатарии озуқаворӣ, Маркази миллӣ ва 22 маркази ташхиси бехатарии озуқаворӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият дошта, тамоми маҳсулот баъди назарсанҷӣ барои истифода ва истеъмол иҷозат дода мешавад.

Дар робита ба Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқаворӣ буклетҳо бо фарогирии маълумоти марбут ба таъмини сифат ва бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои истеъмолӣ паҳн карда мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки 9 апрели соли 1985 Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳимояи манфиатҳои истеъмолкунандагон қабул гардида, мақом ва мартабаи онро ба сатҳи байналмилалӣ бардошт. 25 ноябри соли 2010 ҷаласаи нахустини Шурои машваратӣ оид ба ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагони мамлакатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин бобат қарори махсус ба тасвиб расонид, ки минбаъд дар ин мамлакатҳо 15 март чун Рӯзи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон пазируфта шуд.

Бояд гуфт, ки таъмини бехатарии молу маҳсулот ва хизматрасонӣ ба сифату бехатарии ҳаёти инсон таъсири бевосита дошта, яке аз омилҳои асосии рушди босуботи иқтисодиёти мамлакат маҳсуб мешавад.

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2026 08:39

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАИ ШИРКЕНТ. Ҷозибаи нодири табиии ин минтақа изҳои панҷаи динозаврҳо ба шумор меравад
Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
Ҷаласаи Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба мониторинг ва арзёбии ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ доир гардид
Дар Вашингтон дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ дар самти рушди инфрасохтори роҳу нақлиёт баррасӣ шуд
НАВРӮЗИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани меҳмонон омодагӣ мегиранд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ дар самти устувории иқлимӣ тақвият медиҳад
То соли 2030 ҳаҷми савдо байни Тоҷикистон ва Қазоқистон ба 2 миллиард доллар расонида мешавад
14 МАРТ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ПРОКУРАТУРА. Бо назардошти вазъи геополитикии ҷаҳон дар назди кормандони он масъулияти баланд меистад
Тоҷикистон ба таҷрибаи бузургтарин оператори бозори неруи барқи Аврупо — Nord Pool мароқ зоҳир намуд
Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
Хизматрасонии техникии зеристгоҳҳои конвертории тарҳи «CASA-1000» дар Тоҷикистон ва Покистон соли 2028 ба анҷом мерасад
Дар Конфронси байналмилалии «Таҳаввулоти нақлиёт-2026» рушди инфрасохтори долонҳои нақлиётӣ баррасӣ шуд