Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
ДУШАНБЕ, 03.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба мавсими нави футбол дар шаҳри Душанбе дар мавзуи ташкили бозиҳо машғулияти омӯзишӣ баргузор гардид. Дар он комиссароне, ки имсол дар бозиҳои Лигаи футболи Тоҷикистон кор мекунанд, иштирок намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, масъулини федератсия нақши комиссаронро, ки масъули масъалаҳои ташкилии бозӣ мебошанд, таъкид намуданд. Гуфта шуд, ки сифати бозиҳо, риояи қоидаҳо ва фароҳам овардани шароити мусоид барои дастаҳо, доварон ва мухлисон асосан аз касбияти онҳо вобаста аст. Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки баланд бардоштани малакаи касбии комиссарон қисми ҷудонашавандаи кори систематикӣ дар мусобиқаҳои Лигаи футболи Тоҷикистон мебошад.
Машғулияти таълимӣ мавзуъҳои нақш, фаъолият ва масъулияти комиссарон, талаботи омодасозии варзишгоҳ ва инфрасохтор, маркетинг ва инъикоси воситаҳои ахбори омма, бехатарӣ ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамоҳангсозӣ бо дастаҳои мизбон ва доварон, инчунин тартиби пур кардани гузоришу ҳуҷҷатгузориро дар бар гирифт.
Дар охири машғулият иштирокчиён барои баланд бардоштани сатҳи фаъолият мубодилаи афкор карданд.
Мавсими нави чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ оид ба футбол 6 март оғоз мешавад.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд






