МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 31.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 78-и ноҳияи Фирдавсӣ доир ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» бо судяҳои Суди ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз суди ноҳия хабар доданд.
Дар вохӯрӣ судяҳои Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Абдулвоҳид Сатторзода, Алимардон Сафарзода ва Ҷумъахон Ҷамилзод аз таваҷҷуҳи доимии Президенти мамлакат нисбат ба соҳаи маориф, тарбияи дуруст ва дониши мукаммал гирифтани насли наврас, дар руҳияи ватандӯстӣ тарбият намудани ҷавонон, ҳамчунин арҷ гузоштан ба фарҳангу забони миллӣ ва сарфаю сариштакорӣ ёдовар шуданд. Иброз гардид, ки ин мавзуъҳо аз ҷумлаи масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба шумор мераванд.
Ҳамчунин масъулин оид ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳу субот дар мамлакат, рушд ёфтани тамоми соҳаҳо, сол то сол коҳиш ёфтани камбизоатӣ ва муаррифӣ намудани Тоҷикистон ҳамчун давлати ташаббускор андешаронӣ намуданд.
Кормандони Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе зимни ҳамоиш волидонро даъват намуданд, ки дар риояи қонунҳои миллӣ масъулияти баланд дошта бошанд ва дар тарбияву таҳсили фарзандон ба саҳлангорӣ роҳ надиҳанд.
Таъкид карда шуд, ки вазъи ҷаҳони муосир ва бархурди фарҳангҳо ҳар сокини мамлакатро ба он водор месозад, ки дар тарбияи насли наврас дар роҳи худшиносӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва омӯзиши забонҳои гуногун нақш гузоранд.
АКС: Суди ноҳияи Фирдавсӣ








Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд






