МОДАР — САРЧАШМАИ МЕҲРУ ВАФО. Рӯзи Модарро дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирӣ ва ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон занону духтарони тоҷик мақому манзалати шоиставу сазовор ёфта, бо меҳнати созанда дар пешрафти ҷумҳурӣ саҳми арзанда мегузоранд. Бо шукуҳи хосса таҷлил намудани Рӯзи Модар аз таваҷҷуҳу эҳтироми пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати мамлакат нисбат ба зан – модар гувоҳӣ медиҳад. Ин матлаб дар чорабинии бошукуҳи идона, ки ба ифтихори Рӯзи Модар таҳти унвони «Модар – сарчашмаи меҳру вафо» дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуд, баён гардид.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа хабар медиҳад, директори агентӣ Абдураҳмон Ҳалимзод гуфт, ки “зан – модар сарчашмаи ҳаёт, сафобахшандаи зиндагӣ, поягузори меҳру муҳаббат, афзояндаи садоқат ва донишу маърифат мебошад. Ҷашни расмӣ эълон шудани Рӯзи Модар дар Тоҷикистон барои боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеаи мо шароити мусоид фароҳам овард”.
Таъкид гардид, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар суҳбату мулоқот ва суханрониҳояшон ба масъалаҳои марбут ба модарон ва занону духтарон таваҷҷуҳи хос зоҳир сохта, ин қишри ҷомеаро ҳамчун неруи ташаббускор, созанда, масъулиятшинос ва кордону заҳматписанд эҳтиром, эътироф ва ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд. Яке аз иқдоми беҳтарине, ки дар сиёсати давлатдорӣ ба он диққати ҷиддӣ дода мешавад, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа мебошад. Истиқлоли давлатӣ тавонист барои зани тоҷик озодандешӣ, зиндагии шоиста ва имконияти зиёд фароҳам орад.
«Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба неруи созандаи модарон ва занони ҷумҳурӣ боварии комил доранд ва мақому манзалати занро дар идоракунии давлатӣ сол ба сол баланд мебардоранд. Пешвои миллат бо такя ба модарон дар яке аз суханрониҳояшон иброз намуданд, ки «ман ба неруи ақлониву зеҳнии занону модарони ҷумҳурӣ такя месозам, чунки пешрафту шукуфоӣ ва ояндаи ҳамин миллати тамаддунсоз, сарзамини биҳиштосо, арзишҳои миллӣ ва ояндаи наслҳои имрӯзу оянда ба занону модарон вобаста аст. Аз нигоҳи Роҳбари давлат, модар азизтарин вуҷуди рӯйи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегардад. Зан-модар сарчашмаи меҳру вафо, олиҳаи зебоӣ, рамзи ишқу ҷавонӣ, нахустин мураббии фарзанд мебошад”, – изҳор дошт директори агентӣ.
Модар дар тамаддуни башарият ва сарнавишти ҳар қавму миллат ҷойгоҳи хосса ва мақому манзалати бузург дорад. Дар оғози фасли баҳор таҷлил намудани Рӯзи Модар нишон аз сарсабзии зиндагонӣ ва бахту иқболи баланди инсонӣ мебошад.
АКС: Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Модар қиматтарин неъмати дунё ва ҳимматбаландтарин шахси башарият аст
Дар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Рӯзи Модар ҷашн гирифта шуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
МОДАР — РАМЗИ МЕҲРУ МУҲАББАТ ВА ХУРРАМИИ ЗИНДАГӢ. Дар Бонки миллии Тоҷикистон Рӯзи Модар таҷлил гардид
Ба нақши беназири модарон дар ҳаёти оила ва ҷомеа ҳамеша арҷ гузошта мешавад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ ва рушди иҷтимоию сиёсии Тоҷикистон назаррас аст
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Хатлон 6260 иншооти гуногун ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Модар занону модарони фаъол қадрдонӣ карда шуданд
Дар шаҳри Турсунзода Рӯзи Модарро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе Озмуни ноҳиявии «Кадбонуи беҳтарин» баргузор гардид
«ЗАНОНУ МОДАРОН — ПОЯГУЗОРИ ҶОМЕАИ СОЛИМ». Дар Бохтар ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд






