НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад

Март 18, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» форуми байналмилалӣ доир мегардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд, форум бо иштироки занон – дипломатҳои ҳавзаи Наврӯз ва сафирони ин мамлакатҳо дар Тоҷикистон, ходимони илм, намояндагони вазорату идораҳо, ташкилоти байналмилалӣ ва ҷамъиятӣ гузаронида мешавад.

Дар форум мавзуъҳои муҳим, аз ҷумла саҳми занон дар эҳёи анъанаҳои миллӣ, тарбияи насли наврас дар руҳияи эҳтиром ба арзишҳои фарҳангӣ, нақши оила дар нигоҳдории расму ойинҳои наврӯзӣ ва густариши ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҳифзи мероси ғайримоддӣ баррасӣ мегарданд.

Баргузории чунин форумҳо барои баланд бардоштани маърифати фарҳангӣ, таҳкими ҳамгироии давлатҳои ҳавзаи Наврӯз ва арҷгузорӣ ба саҳми занон дар рушди ҷомеа заминаи мусоид фароҳам меорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 18, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд