Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ифтитоҳ намуданд

Март 29, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 29.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсиониро дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон мавриди истифода қарор доданд.

Бо ба истифода додани иншоот барои 15 кас кори доимӣ муҳайё гардид.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо донишҷӯён сӯҳбати самимӣ анҷом дода, ҷавононро ба омӯзиши васеи фанҳои дақиқ ва технологияҳои муосир ҳидоят намуданд. Ҳамчунин, ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки пеш аз ҳама ба омӯзиши амиқи илмҳои муосир, махсусан технологияҳои рақамӣ ва инноватсионӣ диққати ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Иншооти мазкур аз толори калони маҷлисгоҳ бо 720 ҷойи нишаст, Маркази зеҳни сунъӣ ва IT Park, толори Шурои диссертатсионӣ, осорхона, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, толори хурди омӯзиши мусиқӣ ва рақс, ҳуҷраҳои ёрирасон ва хизматрасонӣ иборат мебошад.

Маркази зеҳни сунъӣ ва IT Park, ки дар назди Донишгоҳ таъсис ёфтааст, ҳамчун як платформаи муосири инноватсионӣ барои рушди технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар кишвар хизмат менамояд.

Марказ ба ташкили муҳити зеҳнӣ барои таҳлил, коркард ва истифодаи самараноки маълумот равона гардида, ҳамзамон ба омода намудани мутахассисони баландихтисос ва рақобатпазир аҳамияти махсус медиҳад.

Дар доираи фаъолияти худ, он ба таҳияи системаҳои зеҳни сунъӣ, рақамикунонии раванди таълим ва рушди таҳқиқоти илмӣ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамояд.

Марказ бо таҷҳизоти муосир, аз ҷумла компютерҳои фардии мувофиқ ба самти зеҳни сунъӣ, барномасозӣ ва ғайра таъмин мебошад. Илова бар ин, марказ бо шабакаи интернети баландсуръат тавассути хатти оптикӣ пайваст буда, барои фаъолияти самараноки таълимӣ, илмӣ ва инноватсионӣ тамоми шароити заруриро фароҳам меорад.

Дар Донишгоҳ фаъолияти се Шурои диссертатсионӣ ба роҳ монда шудааст, ки барои баргузории ҷаласаҳои илмӣ, аз ҷумла ҳимояи рисолаҳои илмии номзадӣ ва докторӣ хизмат мерасонад.

Ин Шуроҳо дар самти тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ва рушди илми ватанӣ нақши муҳим доранд.

Осорхонаи Донишгоҳ яке аз бахшҳои муҳими фарҳангиву таълимӣ ба ҳисоб рафта, таъриху дастовардҳои Донишгоҳро инъикос менамояд. Дар осорхона маводи арзишманд вобаста ба марҳилаҳои рушди Донишгоҳ, комёбиҳои илмиву таълимӣ ва саҳми он дар тарбияи мутахассисон ба намоиш гузошта шудаанд.

Қисмати муҳими осорхонаро маълумот ва аксҳои сафарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишгоҳ ташкил медиҳанд, ки таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишварро ба соҳаи маориф ва рушди он бозгӯ менамоянд.

Инчунин, дар осорхона дастовардҳои илмию таълимӣ, ихтироот ва корҳои илмии олимону устодони Донишгоҳ ҷойгир гардида, фаъолияти онҳо дар рушди илм ва маориф инъикос ёфтааст.

Толори хурди омӯзиши мусиқӣ ва рақс дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ барои рушди истеъдоди эҷодии донишҷӯён пешбинӣ шудааст. Дар ин толор машғулиятҳои мусиқӣ, рақс ва дигар барномаҳои фарҳангӣ баргузор мегарданд. Толори мазкур дар тарбияи завқи эстетикӣ, рушди фарҳанги миллӣ ва омода намудани ҷавонони эҷодкор саҳми назаррас мегузорад.

Намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ дар Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ ҳамчун гӯшаи муҳими фарҳангӣ таъсис дода шудааст. Дар он намунаҳои беҳтарини ҳунарҳои анъанавии миллӣ, аз ҷумла кандакорӣ, гулдӯзӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, ба намоиш гузошта шудаанд.

Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дорои 6 факултет, 30 кафедра, 5 бинои таълимӣ бо 135 синфхонаи таълимӣ, хобгоҳи замонавӣ, китобхонаи электронӣ, маҷмаа ва майдони варзишӣ, 16 синфхонаи компютерӣ ва кабинети лингафонӣ, лабораторияҳои криминалистӣ, инноватсионию табиӣ, толори судӣ, клиникаи ҳуқуқӣ, марказҳои тестӣ ва забономӯзӣ мебошад.

Бино бо системаҳои муосири гармидиҳӣ, огоҳкунӣ аз сӯхтор ва назорати видеоӣ таъмин гардида, таъминоти барқ бо истифода аз таҷҳизоти замонавӣ ба роҳ монда шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити бинои мазкур ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Ифтитоҳи Маркази фарҳанг ва рушди технологияҳои инноватсионӣ дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 29.03.2026

Март 29, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои истиқоматӣ барои кормандони соҳаи иҷтимоиро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои маъмурии Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғдро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ Маркази савдо ва хизматрасонии “Раҳимӣ” дар деҳоти Хистеварз ва корхонаи парандапарварӣ дар деҳоти Исфисорро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба раванди истеҳсолот дар корхонаи қуттиҳои картонӣ оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон бинои Театри давлатии драммавии русии ба номи Александр Пушкинро баъд аз навсозӣ ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд ташриф оварданд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар боғчаи бачагонаи «Кайҳон»-и шаҳри Конибодом атраксионҳои нав ба истифода дода шуданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Узбекистон анҷом ёфт
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев аз Корхонаи нассоҷии Мергантекс дар шаҳри Бухоро боздид намуданд
Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеёв аз мавзеъҳои таърихии шаҳри қадимаи Бухоро боздид намуданд