Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд

Март 13, 2026 16:15

ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Узбекистон, ки дар доираи Форуми III ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистону Узбекистон ба Тоҷикистон омадаанд, ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ташриф оварда, бо шароити таълимӣ дар он шинос шуданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода ба меҳмонон имконияту зарфияти таълимӣ, илмӣ ва инфрасохтории донишгоҳро муаррифӣ намуд. Инчунин доир ба таҷрибаи омодасозии кадрҳои баландихтисос дар соҳаҳои сайёҳӣ, соҳибкорӣ, иқтисодиёт, технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Гуфта шуд, ки рушди ҳамкории байналмилалӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти донишгоҳ буда, густариши робитаҳо бо муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои минтақа, бахусус Ҷумҳурии Узбекистон барои мубодилаи таҷриба, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир дар бозори меҳнат аҳаммияти муҳим дорад.

Таъкид гардид, ки чунин ҳамкорӣ ба таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамгироии илмӣ-таълимӣ байни ду давлат мусоидат менамояд.

АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон

Март 13, 2026 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд
Имрӯз Форуми сеюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор мегардад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид