Самтҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар Хадамоти гумрук тавзеҳ дода шуданд

Март 6, 2026 14:20

ДУШАНБЕ, 06.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ дар шароити мураккаби геополитикии ҷаҳони муосир ҳамчун ҳуҷҷати муҳими стратегӣ ва роҳнамои асосии рушди устувори давлатдорӣ хизмат менамояд. Ин нукта зимни ҳамоиш дар Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамоиш самтҳои асосии  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тавзеҳ дода шуданд.

Гуфта шуд, ки ин ҳуҷҷати муҳими барномавӣ самтҳои асосии рушди иҷтимоиву иқтисодии давлатро муайян намуда, роҳнамои фаъолияти тамоми сохторҳои давлатӣ ба ҳисоб меравад. Инчунин таъкид гардид, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ, ки 16 декабри соли 2025 пешниҳод гардид, ҳамчун санади муҳими сиёсӣ ва иҷтимоӣ самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи давлатро муайян менамояд. Ба андешаи иштирокдорони ҳамоиш, дар ин ҳуҷҷати муҳим масъалаҳои калидии иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсати хориҷии мамлакат мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтаанд.

Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ба рушди иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, саноатикунонии босуръат, ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ ва дастгирии соҳибкории хурду миёна аз ҷумлаи омилҳои муҳими пешрафти иқтисоди мамлакат арзёбӣ шуданд. Инчунин таъкид гардид, ки татбиқи чунин тадбирҳо ба таъсиси ҷойи нави кор ва баланд гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат мекунад.

Дар ҳамоиш масъалаҳои марбут ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, таъкид шуд, ки соҳаҳои маориф ва тандурустӣ пояи асосии рушди ҷомеа арзёбӣ гардида, баланд бардоштани сифати таҳсил, омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии тиббӣ  вазифаҳои муҳим ба ҳисоб мераванд.

Ҳамзамон дар бахши сиёсати ҷавонон ва фарҳанг ба нақши ҷавонон ҳамчун неруи созанда ва ояндасози миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки  тарбияи ватандӯстӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва рушди фарҳанги миллӣ бояд ҳамеша дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор дошта бошанд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 6, 2026 14:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба дастгирии экосистемаи стартапҳо дар Тоҷикистон ҳамоиш баргузор гардид
Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо раванди сохтмони корхонаи ғанигардонии маъдани оҳани ҶСП «Комбинати металлургии тоҷик» шинос шуд
«Moody’s Ratings»: Рейтинги соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистон ба дараҷаи «B2» бо дурнамои «устувор» баланд бардошта шуд
‎‎Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Покистон дурнамои рушди ҳамкориро дар соҳаи энергетика баррасӣ намуданд
Сардори Хадамоти алоқа дар Конгресси ҷаҳонии мобилӣ дар Испания иштирок намуд
Ҷаласаи ёздаҳуми Шурои миллии суботи молиявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дурнамои нишондиҳандаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳру ноҳияҳои Роғун, Ваҳдат, Файзобод ва Варзоб муаррифӣ карда шуд
Тоҷикистон ва Туркманистон ҳамкориро дар соҳаи саноати нассоҷӣ тақвият медиҳанд
Дар Вазорати молияи Тоҷикистон татбиқи лоиҳаҳои нақлиёту энергетика баррасӣ гардид
Дар Палатаи ҳисоб оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба коррупсия машварат баргузор шуд
Дар Душанбе Протоколи ҷаласаи 14-уми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Туркманистон ба имзо расид
Татбиқи лоиҳаҳои Бонки исломии рушд дар Тоҷикистон баррасӣ гардид