Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба роҳбарият ва мардуми Эрон изҳори тасаллият ва ҳамдардӣ намуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 5 марти соли 2026 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ташриф оварда, дар китоби ёдбуд, ки ба муносибати шаҳодати Роҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ ва теъдоде аз масъулину фармондеҳони баландпояи ин кишвар боз шудааст, аз номи роҳбарияти олии мамлакат, Ҳукумат ва мардуми Тоҷикистон изҳори тасаллият навишт.
Ҳамчунин дар ҷараёни суҳбати кӯтоҳ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар робита ба ҳалокати теъдоди зиёди шаҳрвандони кишвари дӯсту бародар ба роҳбарият ва мардуми Эрон бори дигар ҳамдардии амиқ баён намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»










РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд






