Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 25.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 24 март дар шаҳри Тошканд мулоқоти Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Ҷумҳурии Узбекистон Лазиз Қудратов баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо татбиқи масъалаҳоеро, ки дар санадҳои қаблии баимзорасидаи байнидавлатӣ доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаи саноат ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар соҳаҳои металлургия, саноати мошинсозӣ, нассоҷӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, фарматсевтӣ ва дигар бахшҳои дорои аҳамияти стратегӣ омадаанд, баррасӣ намуданд.
Ҷонибҳо барои амалигардонии лоиҳаҳои муштарак изҳори ҳавасмандӣ карда, қадамҳои минбаъдаро барои омодасозии инфрасохтор, оғоз намудани корҳои сохтмонӣ ва ба роҳ мондани хатҳои муосири истеҳсолӣ дар корхонаҳои таъсисшавандаи саноатӣ дар қаламрави ҳарду давлат муайян намуданд.
Таъкид гардид, ки густариши минбаъдаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон ба тақвияти шарикии стратегии ду мамлакат, афзоиши ҳаҷми молу маҳсулот ва рушди устувори иқтисодии минтақа мусоидат мекунад.
АКС: Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид






