Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонон ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии Конфронси оби СММ-2026 вохӯрӣ намуд

Март 19, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 19.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 март дар шаҳри Ню-Йорк мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо мизбонони Конфронси оби СММ–2026 ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивии ин чорабинӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ Сироҷиддин Муҳриддин бо таъкиди нақши калидии ҳамраисони муколамаҳои интерактивӣ иброз намуд, ки фаъолияти онҳо барои роҳнамоии самараноки муҳокимаҳо ва таъмини инъикоси ҳамаҷонибаи афзалият ва интизориҳои давлатҳои аъзо, инчунин дигар ҷонибҳои манфиатдор аҳаммияти муҳим дорад.

Ҳамзамон Вазири корҳои хориҷӣ оид ба аҳаммияти ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об изҳори назар намуда, ба раванди омодагӣ ба Конфронси чаҳоруми Раванди оби Душанбе (25–28 майи соли 2026) таваҷҷуҳи махсус зоҳир кард. Ӯ ҳозиринро барои иштироки фаъолона ва саҳмгузорӣ дар Конфронси Душанбе даъват намуд.

Мизбонони Конфронси оби СММ–2026 ва ҳамраисони муколамаҳои интерактивӣ, аз ҷумла ҳамраиси Конфронси оби Душанбе Ли Ҷунхуа, муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро пуштибонӣ намуда, барои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи мудирияти устувори захираҳои об изҳори омодагӣ  намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 19, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷашни Наврӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон кадом хӯрокҳо омода карда мешаванд?
Дар ноҳияи Ҳамадонӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Иди байналмилалии Наврӯз дар Деваштич бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ таҷлил гардид
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
Дар Пенза Иди Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Толятти Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
«НАВРӮЗ — ПАЙВАНДГАРИ ҚАЛБҲО». Дар шаҳри Бӯстон тантанаҳои ҷашни Наврӯз доир шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Сокинони шаҳру деҳоти Исфара Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳū истиқбол намуданд