СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
ДУШАНБЕ, 11.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ (2026) дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони биноҳои иловагии муассисаҳои тандурустию маориф идома дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №39-и ин ҷамоат бинои иловагии таълимӣ бунёд карда мешавад. Амалӣ гардидани ин иқдом имкон фароҳам меорад, ки барои хонандагон шароити беҳтари таҳсил фароҳам гардида, сифати раванди таълим боз ҳам беҳтар гардад.
Инчунин дар назди кӯдакистони №6-и Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача бинои иловагии таълимӣ сохта шуда, бинои мавҷуда пурра таъмиру навсозӣ карда мешавад. Бунёди биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои соҳаи маориф ба бештар фаро гирифтани кӯдакону наврасон ба таълиму тарбия ва муҳайё намудани шароити муосири таҳсил мусоидат мекунад.
Ҳамчунин дар ин ҷамоат сохтмони бинои нави тиббии Беморхонаи ноҳиявии №7 идома дорад. Иттилоъ дода шуд, ки бинои нав бо тарҳи муосир бунёд гардида, аз 4 ошёна иборат мешавад. Беморхона дорои се шуъба буда, қариб ба 27 ҳазор аҳолии ҷамоат хизмати тиббӣ мерасонад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров








СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд






