Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад

Март 9, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 09.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар фасли баҳор садҳо навъи  гулу гиёҳ мерӯяд, ки истеъмоли онҳо барои саломатии инсон фоида дорад. Махсусан,  истеъмоли сиёҳалаф,  пудина, шибит, модел, торон, рошак, ҷағ-ҷағ ва хӯрокҳои аз онҳо тайёршуда барои организми инсон  муфид аст. Сиёҳалаф  аз ҷумлаи ин гиёҳҳои шифобахш мебошад, ки дар Тоҷикистон дар баҳор аксари хонаводаҳо аз он хӯрокҳои сабук омода месозанд. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.

         Тавре гиёҳшиносон иброз медоранд, растаниҳое, ки дар баландиҳои кӯҳсор месабзанд, аз лиҳози таркиби ғизоӣ фоиданоканд. Яке аз маъруфтарин гиёҳҳои баҳорӣ сиёҳалаф мебошад. Онро аз рӯи пояаш ба осонӣ метавон шинохт: ҳангоми чидан нӯги он зуд сурх мегардад, зеро дар таркибаш миқдори зиёди йод мавҷуд аст. Ҳангоми пухтупаз низ ранги он каме бунафш мешавад. Дар бисёр хонадонҳо сиёҳалафро бо чакка истеъмол мекунанд ва ҳатто барои фаслҳои дигар хушк намуда,  нигоҳ медоранд.

Шуълаи сиёҳалаф бо об, намак, орд ва ё биринҷ тайёр карда мешавад. Сиёҳалаф дорои витамини С, каротин, фитонсидҳо ва маҷмӯи витаминҳои гурӯҳи В (В1, В2, РР) мебошад. Инчунин дар таркиби он оҳан, калий, руҳ, марганетс ва йод фаровон аст. Маҳз ҳамин бойигарии табиӣ онро ба як навъ «антибиотики табиӣ» табдил медиҳад, ки ба тақвияти масуният мусоидат мекунад.

Сиёҳалафро  дар муолиҷаи баъзе бемориҳои меъдаю рӯда, аз ҷумла гастрит ва захми меъда истифода мебаранд. Баргҳои он иштиҳоро меафзоянд ва ба ҳазми ғизо кумак мерасонанд. Барои шахсони гирифтори мушкилоти ғадуди сипаршакл низ истеъмоли он судманд шумурда мешавад, зеро рибофлавин фаъолияти онро танзим менамояд.

Умуман, гиёҳҳои кӯҳӣ на танҳо болаззат, балки барои дил, ҷигар, майна ва дигар узвҳои бадан низ муфид мебошанд. Аз онҳо метавон  биринҷоба, оши бурида, умоч, самбӯса ва хӯришҳои гуногун омода кард. Бартарии дигар ин аст, ки онҳо серғизо буда, хавфи зиёдшавии вазнро ба вуҷуд намеоранд.

Бо вуҷуди фоидаи зиёд, ҳангоми истифодаи гиёҳҳо бояд қоидаҳои беҳдоштӣ риоя карда шаванд. Азбаски онҳо дар рӯи замин мерӯянд, пеш аз истеъмол бояд бодиққат шуста шаванд. Тавсия мешавад, ки гиёҳро тақрибан як соат дар оби каме шӯр тар карда, сипас бо оби тоза шуста истифода намоянд.

Табиати Тоҷикистон  манбаи давоҳои зиёди табиист, ки дар мавриди дуруст истифода бурдан, бо кумаки онҳо метавонем саломатии худро беҳтар намоем.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 9, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд