ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои идона доир мешаванд

Март 24, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 24.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба муносибати Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.

Аз ҷумла, бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз имрӯз, соати 09:00 дар Майдони «800-солагии Москва» барномаи фарҳангӣ баргузор мегардад.

Ҳамзамон имрӯз, соати 17:00 дар Боғи фарҳангию фароғатии «Фирдавсӣ», Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Майдончаи фарҳангу фароғатӣ, воқеъ дар кӯчаи Сино, Боғи фарҳангию фароғатии «Кӯли ҷавонон» ва Боғи фарҳангию фароғатии «Куруши Кабир» барномаҳои идона доир карда мешаванд.

Имрӯзҳо ба муносибати таҷлили бошукуҳи Ҷашни байналмилалии Наврӯз тамоми гулгашту хиёбон ва боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе зебу зиннат дода шудаанд. Дар онҳо гулҳои рангорангу дарахтони сояафкани гулпӯш ва дигар ороишоти рамзи баҳору Наврӯз насб гардида, ҳамарӯза сокинону меҳмонони пойтахт дар ин боғҳо сайру гашт менамоянд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 24, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид