ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар

Март 8, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 08.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Зан — Модар азизтарин мавҷуди рӯи Замин ва нафаси гарму дилнавози ӯ ибтидои ҳастӣ аст. Зан — Модар сарчашмаи ҷовидонаи сидқу вафо, рамзи зебоӣ ва накӯӣ, нахустин мураббӣ ва тарбиятгари насли инсонӣ мебошад, зеро сиришти ин мавҷуди муқаддас иборат аз меҳри ростину садоқати фитрӣ мебошад. Дар васфу ситоиши ин олиҳаи зебоӣ бузургони илму адаб суханҳои зиёде иброз доштаанд. АМИТ «Ховар» гуфтаҳои бузургонро дар васфи Зан — Модар — сарчашмаи зиндагӣ ва меҳру вафо пешниҳоди хонандагон мегардонад.

Зан – Модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.

Эмомалӣ Раҳмон

Модар гаҳвораю оламро бо ҳам мепайвандад, рисолати пурзаҳмати парвариши наслҳоро бар дӯш кашида, бо сиришту замири покаш барои ҳастии фарзанд, ободии хонадон ва осоиши ҷомеа талош менамояд.

Эмомалӣ Раҳмон

Ҳеҷ атргуле ранг ва зебоии Модарро надорад.

Эрнест Ҳемингуэй

Зан ягона вуҷуде аст, ки ҳақиқати ишқи покро мешиносад.

Шиллер

Тамаддун чист? Натиҷаи нуфузи занони покдоман.

Эмерсон

Хашми зан монанди алмос аст, ки медурахшад, аммо намесӯзонад.

Тагур

Агар зани зебо гавҳар бошад, пас зани бофазилат канз аст.

Кант

Тору пуди модарро аз меҳрубонӣ бофтаанд.

Ралф Уолдо

Модар шудан марҳилаи камоли зан аст.

Александр Дюма

Ҳеҷ гоҳ дар зиндагӣ наметавонед муҳаббатеро беҳтар, хубтар ва воқеитар аз муҳаббати модари худ ёбед.

Оноре де Балзак

Ҷамъи ҳамаи меҳрубониҳоро гирифта, аз он Модар сохтаанд.

Кристофар Марлу

Тифл модарашро аз лабхандаш мешиносад.

Ферҷил

Яке аз бузургтарин офаридаҳои Худо қалби модар аст.

Андре Гретри

Зан конуни пурнури хонавода, маркази меҳр, намояндаи ишқ, намоёнгари покӣ, намунаи муҳаббату дӯстӣ ва чашмаи бахшоиш аст.

Иқболи Лоҳурӣ

Покдоманӣ дар зан монанди шуҷоат дар мард аст.

Наполеон

Зан паҳлавоне аст, ки далертарин мардонро дар сахттарин ҳолати хашм ором менамояд.

Ҳеродот

Зан кӯдаке аст, ки бо андак табассум хандон ва бо камтарин бемеҳрӣ гирён мешавад.

Ҳервед

Ягона доваре, ки гуноҳи моро мебахшад, модар аст.

Муҳаммад Ҳиҷозӣ

Модар ҳатто пас аз марг ҳам модар ва муқаддастарин мавҷуди зиндаи ҷаҳон аст.

Кулриҷ

Ҳеҷ муҳаббат ва неъмате барои мард беҳтар аз зани хуб нест.

Сибунд

Зан беҳтарин ва охирин туҳфаи осмонӣ аст.

Ҷон Милун

Субҳу шоми умр бе зан торик ва рӯзаш ғамангез аст.

П.Бауст

Як модари хуб ба сад устод ва омӯзгор меарзад.

Ҷорҷ Ҳерберт

 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 8, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид
Иштирокдорони Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» бо фаъолияти Агентии обуҳавошиносӣ шинос гардиданд
РУШДИ ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ. Сабадбофӣ барои рушди иқтисод ва сайёҳӣ имкон фароҳам меорад
200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд