Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад

Апрель 4, 2026 09:50

ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/.  3 апрели соли 2026 бо даъвати Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ятимов Саймумин Сатторович ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон таҳти сарварии Раис Қурбонов Баҳодир Низомович ба Ҷумҳурии Тоҷикистон  омад.

Зимни мулоқоти корӣ вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории дуҷониба дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноии фаромиллӣ, инчунин таъмини ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатӣ бо Афғонистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ зоҳир карда шуд.

Дар доираи сафар аъзои ҳайат бо қитъаҳои алоҳидаи сарҳади давлатӣ бо Афғонистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шинос шуданд.

Механизмҳои табодули иттилоот ва ҳамкории амалӣ доир ба самтҳои асосии ҳамкорӣ баррасӣ карда шуданд.

Аз рӯйи натиҷаи гуфтушунидҳо ҳамдигарфаҳмии комил ҳосил гардида, қарорҳои ҳамоҳангшуда оид ба татбиқи минбаъдаи ҳадафҳои муайяншуда қабул карда шуданд.

Апрель 4, 2026 09:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид