Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд

Апрель 10, 2026 19:00

ДУШАНБЕ, 10.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 9 апрел дар ҷамоати Ориёни шаҳри Ҳисор Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) бо иштироки паҳлавонони шинохтаи Тоҷикистон, Узбекистон ва Федератсияи Русия дар сатҳи баланд баргузор шуд.

Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисор бо ҳузури беш аз 7 ҳазор мухлис ва ҳаводорони гӯштини миллӣ дар сатҳи баланд доир гардид. Дар мусобиқа паҳлавонони тоҷик Ҳақназар Назаров, Абубакр Шеров, Ғазалшои Давлатшо, Абубакри Акобир, Суҳроб Муҳаммадев, Зафар Олимшоев, Алишер Назаров, Ҳайдари Саидкабирзода, Музамир Каримзода, Ҷумахон Ёрматов ва дигарон нисбат ба ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати арзанда нишон дода, ҷоизаҳои олиро сазовор гардиданд.

Аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа барои паҳлавонони майдон ду Шоҳҷоиза – мошин, маблағҳои калони пулӣ, чорвои зиёди калону майда, яхдонҳо, телевизорҳо ва туҳфаҳои гуногун гузошта шуда буд, ки ғолибон онҳоро соҳиб гардиданд.

Алишер Назаров, паҳлавони ҷавони шаҳри Ҳисор пас аз ғолиб омадан бар ҳафт ҳарифаш имкон пайдо кард, ки барои Шоҳҷоиза мубориза барад. Ба монанди Алишер Назаров Ҳайдари Саидкабирзода, паҳлавон аз ноҳияи Ховалинг бар чаҳор ҳарифаш ғолиб омад ва ҳарду барои Шоҳҷоиза рақобат карданд. Дар ниҳоят бо партофти хеле зебо Алишер Назаров бар Ҳайдари Саидкабирзода ғолиб омада, Шоҳҷоиза- мошинро сазовор гардид.

Ҳамчунин як Шоҳҷоизаи дигар байни ду паҳлавон- Ғазалшои Давлатшо аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Азамат аз Федератсияи Русия гузошта шуд. Паҳлавонон давоми як соат бо ҳам рақобат намуданд, вале ғолиб муайян нагардиду сабқати онҳо мусовӣ анҷом ёфт.

Ҳамин Шоҳҷоиза байни ду паҳлавони дигар- Абубакри Акобир аз ноҳияи Балҷувон ва Ҳақназар Назаров аз шаҳри Ҳисор гузошта шуд. Онҳо низ давоми ним соат байни ҳам рақобат карданд, вале ғолиб муайян нагардиду сабқат мусовӣ анҷом ёфт. Аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа Шоҳҷоиза- мошин ба ҳарду паҳлавон тақдим гардид.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 10, 2026 19:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд