Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад

Апрель 2, 2026 09:57

ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Институти астрономияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Узбекистон ҳамкории илмиро густариш медиҳанд. Ба ин хотир 30 март дар шаҳри Тошканд мулоқоти роҳбарияти ин институтҳо баргузор шуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба  Институти астрофизикаи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба таҳқиқоти астрономӣ, густариши минбаъдаи ҳамкории илмӣ, истифодаи муштараки расадхонаҳои астрономӣ, инчунин омода намудани кадрҳои баландихтисосро мавриди баррасӣ қарор доданд.

АКС: Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Апрель 2, 2026 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд
Дар Китобхонаи миллӣ Рӯзи дарҳои боз доир шуд
Дар Душанбе намоиш-фурӯши китобҳои тозанашр баргузор мегардад
ТАЪРИХИ ВАТАН МЕОМӮЗЕМ! Саёҳати наврасону ҷавонон ба осорхонаҳо ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон ташкил карда мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар Бозиҳои Делфии давлатҳои аъзои СҲШ соҳиби 7 медал гардиданд
Рӯзҳои фарҳанги Ҷопон дар Тоҷикистон бо намоиши ҷашну анъана ва ҳунарҳои мардумӣ баргузор шуд
Робитаҳои дӯстонаи давлатию миллӣ ва илмию фарҳангии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбанд
ТОҚИДӮЗӢ — ҲУНАРИ ҚАДИМӢ. Равнақи он анъанаҳои миллиро ҳифз менамояд
Дар Тоҷикистон ҳунари муҷассамасозӣ ва ҳайкалтарошӣ рушд менамояд
Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд