Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор шуд

Апрель 11, 2026 12:30

ДУШАНБЕ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 10 апрел дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозӣ бо донорҳо ва шарикони рушд дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.

Иброз гардид, ки мақсади баргузории ҷаласа фароҳам овардани имконият барои назорати рафти иҷрои лоиҳаҳои дуҷониба ва муайян намудани самтҳои нави ҳамкорӣ мебошад. Ин раванд дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030» барои расидан ба ҳадафҳои рушди устувор, аз ҷумла таъмини шуғл, дастрасии таҳсилоти касбӣ, ҳифзи иҷтимоии қишрҳои осебпазир, диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ ва таҳкими бозори меҳнат амалӣ мегардад.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ изҳор дошт, ки ин ҷаласа раванди ҷалби донорҳо ва шарикони рушдро бо имкониятҳои мавҷудаи ҷумҳурӣ барои таъсиси ҷойҳои корӣ ва тавсеи шуғли пурмаҳсул фароҳам меорад. Дар ин замина барои рушди хизматрасониҳои рақамӣ, ташкили омӯзиши касбу малакаҳо, рушди ҳунармандӣ ва иштироки ҷавонон дар экосистемаи иқтисодии давлат ва дар маҷмуъ саҳм гузоштан дар татбиқи ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръат ва тавсеаи рушди шуғли пурмаҳсул дар мамлакатро муҳайё месозад.

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода баён намуд, ки дар вазорат барномаи ислоҳоти бунёдӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ идома дошта, дар самти касбомӯзии аҳолӣ, рушди ҳунармандӣ, танзими муносибатҳои меҳнатӣ, мусоидат ба шуғли шаҳрвандони бекор, танзими муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳалли мушкилоти мавҷуда дар соҳаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ як қатор тадбирҳои муассир  андешида  шудааст.

Гуфта шуд, ки ин платформаи ҳамкорӣ самтҳои амалии татбиқи дурнамои вазоратро барои ноил шудан ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо дарназардошти шуғли ҷавонон ва инноватсия, тавсеаи шуғли пурмаҳсул, меҳнати арзанда ва коҳиши равандҳои муҳоҷират муайян мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади нигоҳ доштани муколамаи сиёсӣ, сафарбар намудани захираҳо, ҳамоҳангсозии шарикони рушд, донорҳо ва барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» Шурои ҳамоҳангсозии донорҳо ташкил карда шудааст.

Дар идома аз ҷониби мутахассисон лоиҳаҳои «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» «Навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» «Малакаҳои сабз барои иқтисоди сабз дар Осиёи Марказӣ» рӯнамоӣ карда шуд.

Дар охир барои рушди ҳамкории минбаъда қарорҳо қабул карда шуд, ки  рафти иҷрои онҳо дар ҷаласаҳои минбаъдаи Шуро муаррифӣ карда мешавад.

АКС: Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2026 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли чукрӣ ба кам шудани моддаи қанд дар таркиби хун мусоидат мекунад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд