Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид

Апрель 13, 2026 17:30

ДУШАНБЕ, 13.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз ҳамчун ҷашни бостонӣ рамзи эҳёи табиат, оғози зиндагии нав ва пайванди устувори наслҳо бо арзишҳои асили миллӣ мебошад. Чунин гуфта шуд зимни таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар базми наврӯзӣ Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Каримзода оид ба анъанаю суннатҳои деринаи Ҷашни байналмилалии Наврӯз ва

ҷойгоҳи он дар таҳкими дӯстию рафоқат, худшиносии миллӣ ва ваҳдату ҳамбастагии халқҳо сухан намуд.

Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат бо ташаббусҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷашни Наврӯз ба мақоми баланди сиёсиву фарҳангӣ расида, ҳамчун омили муҳими таҳкими ваҳдат ва худшиносии миллӣ муаррифӣ гардид.

Иброз гардид, ки бо ибтикори Пешвои миллат Наврӯз ба падидаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, имрӯз дар кишварҳои гуногуни олам бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад. Ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардидани Наврӯз далели равшани арзишмандии он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ҳар шаҳрванди мамлакат бо ифтихор эҳсос менамояд, ки Наврӯз ҳамчун неруи муттаҳидсозандаи ҷомеа нақши муҳим дошта, мардумро ба созандагиву ободкорӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ҳидоят мекунад. Наврӯз аз фарорасии фасли баҳор, эҳёи табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва баробаршавии шабу рӯз мужда расонида, рамзи покию зебоӣ ва навшавии зиндагӣ мебошад.

30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият ворид гардида, 19 феврали соли 2010 аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид ҳамчун ҷашни байналмилалӣ эътироф шуд.

Ба базми наврӯзӣ суфраи наврӯзӣ, намоиши намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, аз ҷумла заргарӣ, либосҳои миллӣ ва таомҳои суннатии тоҷикӣ, аз қабили суманак шукуҳи беандоза зам намуданд.

АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 13, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид