Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳри Турсунзода бошукуҳ таҷлил намуданд

Апрель 1, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. 31 март дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор карда шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар тантанаҳои наврӯзӣ Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода иштирок намуда, иброз дошт, ки Наврӯз яке аз куҳантарин ҷашнҳои фарҳангии мардуми форсизабон ва бисёр халқҳои ҷаҳон ба шумор меравад. Ин ҷашн бо фарорасии соли нави аҷдодӣ ва эҳёи табиат алоқаманд буда, рамзи оғози давраи нави ҳаёт дар табиат ва ҷомеа арзёбӣ мегардад. Бо фаро расидани Наврӯз табиат аз хоби зимистона бедор шуда, замин сабз мегардад, дарахтон гул мекунанд ва зиндагӣ ранги тоза мегирад. Маҳз ҳамин бедории табиат ба инсон низ илҳоми зиндагии нав ва бедории маънавӣ мебахшад.

Сипас меҳмонони чорабинӣ дар саҳни коллеҷ аз гӯшаҳои идона, ки дар онҳо хони наврӯзӣ, аз қабили ҳафт син, ҳафт шин, таомҳои миллии тоҷикӣ, аз ҷумла суманак, оши палав, кулчаву нонҳои гуногун ва шириниҳои миллӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буданд, дидан намуда, ба омодакунандагон баҳои баланд доданд.

Ҳамзамон ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили чакандӯзӣ, гулдӯзӣ ва дигар намунаҳои санъати дастӣ пешкаши меҳмонон гардиданд.

Бахши фарҳанги коллеҷ бо барномаи рангини худ, ки аз рақсу сурудҳои дилнишин иборат буд, хотири ҳозиринро шод намуд.

Инчунин 31 март Наврӯзи байналмилалӣ дар Коллеҷи тиббии шаҳри Турсунзода бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шуд.

Дар ҷашни наврӯзии коллеҷ роҳбарияти шаҳри Турсунзода, шуъбаи маорифи шаҳри Турсунзода ва роҳбарияти  Коллеҷи тиббии шаҳри Ҳисор иштирок намуданд.

Меҳмонон намоишгоҳи идонаи наврӯзиро, ки аз анвои хӯрокҳои миллӣ, ҳафт син ва ҳафт шин, инчунин ҳунарҳои мардумӣ, ороиши хонаи навхонадорон ва намоиши либосҳои миллӣ иборат буданд, тамошо намуда, ба ҳунари ташкилкунандагон баҳои баланд гузоштанд.

Гуфта шуд, ки чунин чорабиниҳо дар тарбияи ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва эҳёи анъанаҳои ниёгон нақши муҳим доранд.

Иброз гардид, ки Наврӯз рамзи эҳёи табиат, оғози нав ва пайванди дӯстии халқҳо буда, барои ҳар сокини ҷумҳурӣ иди умеду орзуҳои нек мебошад.

Коллективи Коллеҷи тиббӣ ҳамеша барои баланд бардоштани сатҳи дониш ва тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносиву ифтихори миллӣ талош менамояд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 1, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд