Ба муносибати Рӯзи қушунҳои дохилӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд

Апрель 11, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида  ба Рӯзи қушунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (10 апрел)  дар Муассисаи давлатии «Театри академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ» ҷамъомади тантанавӣ доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни ҷамъомад иброз дошт, ки қӯшунҳои Вазорати корҳои дохилӣ ҷузъу томи ҷудонашандаи  Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат аст, ки сарфармондеҳ ва таъсисдиҳандаи ин сохтор Президенти Тоҷикистон   муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Изҳор шуд, ки таърихи таъсиси Қӯшунҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи муҳиму тақдирсоз дар раванди ташаккули давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Пас аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ, давлат ба мушкилоти ҷиддии сиёсию амниятӣ рӯ ба рӯ гардид. Дар он давра бинобар набудани заминаи мустаҳками ҳарбӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, зарурати таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи миллӣ пайдо шуд.

Таъкид гардид, ки дар чунин шароити ҳассос ва пурмасъулият, ташкили сохторҳои ҳарбӣ, аз ҷумла Қӯшунҳои дохилӣ зери роҳбарии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардид. Бо талошҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат, Қувваҳои мусаллаҳ аз сифр таъсис дода шуда, ки имрӯз ба як ниҳоди муҳим табдил ёфтааст. Қӯшунҳои дохилӣ ҳамчун ҷузъи муҳими ин сохтор, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ нақши калидӣ доранд.

Дар фарҷом бо мақсади болидарӯҳии ҳайати шахсӣ ва таҳкими рӯҳияи ватандӯстии хизматчиёни ҳарбӣ барномаи фарҳангӣ доир гардид.

АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 11, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд