Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
ДУШАНБЕ, 12.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ аз 28 ноябр то 7 декабр дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ин чорабинии варзишӣ таҳти сарпарастии Шурои олимпии Осиё баргузор шуда, дар он иштироки варзишгарон аз 45 давлати Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон, инчунин кишварҳои Уқёнус дар назар аст.
Ҳадафи асосии ин мусобиқа рушди намудҳои варзиш дар иншооти пӯшида ва тарғиби ҳунарҳои размӣ дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Дар доираи бозиҳо намудҳои гуногуни варзиш, аз ҷумла ҷудо, таэквондо, кикбоксинг, кураш, самбо, муай-тай, карате ва дигар намудҳои варзиш баргузор мегарданд.
Аввалин маротиба ин мусобиқа соли 2005 баргузор шуда буд. Солҳои минбаъда бозиҳо дар шаҳрҳои гуногуни қитъаи Осиё доир гардида, шумораи иштирокчиён ва намудҳои варзиш тадриҷан афзоиш ёфт.
АКС аз манбаъҳои боз








БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд






