Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Наврӯз бо риояи суннатҳои миллӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01. 04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи анъана ва суннатҳои миллӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ хабар доданд, зимни ҳамоиши тантанавӣ намоиши либосҳои миллӣ, ҳунарҳои дастӣ, аз ҷумла зардӯзӣ ва чодардӯзӣ, хӯрокҳои гуногуни миллӣ ва бозиҳои анъанавии наврӯзӣ доир карда шуд.
Иброз гардид, ки аз замонҳои қадим мардуми тоҷик ҳангоми фаро расидани Наврӯз ба покизагии муҳити зист, сабзкорӣ ва корҳои созандагӣ машғул мешуданд ва ин суннати ниёгон то имрӯз боқӣ мондааст. Наврӯз ҳамчун рамзи таҷдиди табиат ва оғози соли нави аҷдодӣ ба мардум имконият медиҳад, ки ҳамдигарро эҳтиром карда, дар ободонии мамлакат саҳм гузоранд.
Гуфта шуд, ки пайки Наврӯзи имсола бо шукуҳу шаҳомати хос барои ҳар шаҳрванди ҷумҳурӣ хотирмон хоҳад буд. Имсол мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамзамон 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн мегиранд. Ин ид рамзи ифтихор ва шукргузорӣ аз дастовардҳои Ватан, пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ ва оромию осудагии давлат мебошад. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ имрӯз Тоҷикистон ба мамлакати ободу зебо, гулафшон ва боғу бӯстони биҳиштосо табдил ёфтааст.
Дар ин рӯз мардум бо хурсандӣ ва шодмонӣ якҷоя ҷамъ омада, либосҳои миллиро намоиш медиҳанд, хӯрокҳои миллӣ тайёр мекунанд ва бозиҳои анъанавиро бозӣ мекунанд. Наврӯз ҳамзамон рӯзи эҳтиром ба таърих, фарҳанг ва арзишҳои маънавии ниёгон мебошад. Иштирок дар чорабиниҳои наврӯзӣ имкон медиҳад, ки дар ҷомеа руҳияи бародарӣ, ваҳдат ва ифтихор аз дастовардҳои миллӣ тақвият ёбад.
АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






