Дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Ҳисор кам кардани талафоти неруи барқ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар/. Кам намудани талафоти неруи барқ ва боло бурдани масъулиятшиносии кормандони соҳа, бахусус нозирони барқ яке аз масъалаҳое буд, ки дар ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Ҳисор баррасӣ гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.
Ҷаласа таҳти раёсати прокурори шаҳри Ҳисор, Раиси Шурои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Ҳисор, мушовири адлияи дараҷаи як Умедҷон Раҳмон баргузор гарида, дар он роҳбарону намояндагони сохторҳои ҳифзу ҳуқуқ ва тартиботи шаҳри Ҳисор иштирок намуданд.
Дар ҷаласа фаъолияти Шабакаҳои тақсимоти барқ ва бахшҳои зертобеи он дар шаҳри Ҳисор, аз ҷумла масъалаҳои кам намудани талафот ва пешгирии дуздии неруи барқ, бартарафсозии изофанависӣ, боло бурдани масъулиятшиносии кормандон, бахусус нозирони барқ, беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва корхонаҳо баррасӣ гардиданд.
Прокурори шаҳр аз зиёд будани фоизи талафоти неруи барқ, ҳолатҳои ошкоргардидаи дуздии он, изофанависӣ ва қарздории муштариён дар шаҳр изҳори нигаронӣ карда, ба масъулини шабакаҳои тақсимоти барқ ва фурӯши он дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки дар доираи татбиқи лоиҳаи «Низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии неруи барқ» барои гузаштан ба низоми нав — биллингӣ, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳои мамлакат натиҷаҳои мусбат додааст, бақияи қарзҳои боқимондаро ҷамъоварӣ намоянд, то барои гузаштан ба ин низом заминаи зарурӣ фароҳам оварда шавад.
Прокурори шаҳри Ҳисор вобаста ба пешгирии изофанависии нозирони шабакаҳои барқ кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон дар самти истифодаи неруи барқ даъват намуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати баҳории ҷавононро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ иҷро намуд
«МАРЗУ БУМИ ВАТАНРО СОДИҚОНА ҲИФЗ МЕНАМОЕМ!». Ҷавонони Файзобод бо дуои неки волидон ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон рафтанд
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Артиши миллӣ беш аз 54 фоиз иҷро гардид
Ноҳияи Муъминобод нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи якум пурра иҷро намуд
Дар шаҳри Норак нақшаи даъвати баҳорӣ иҷро гардид






