Дар даври ноҳиявии озмуни «Шоҳномахонӣ» дар ноҳияи Рӯдакӣ 747 нафар иштирок менамоянд

Апрель 21, 2026 08:30

РӮДАКӢ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. 20 апрел дар ноҳияи Рӯдакӣ даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Иброз гардид, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат давоми таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандӯстӣ баргузор мегардад.

Бояд гуфт, ки «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ ҳамчун сарчашмаи бузурги ахлоқу маърифат дар тарбияи ҷавонон нақши муҳим дорад. Ин китоби нодирро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2025 ба ҳар хонадони тоҷик туҳфа намуданд. Ин аст, ки наврасону ҷавонони ҷумҳурӣ бо дастрасии китоби «Шоҳнома» бо меҳру муҳаббати беандоза дар Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» фаъолона иштирок доранд.

Тибқи иттилои масъулини Раёсати маорифи ноҳияи Рӯдакӣ, дар даври якуми озмун 2243 нафар, аз ҷумла 1773 духтар аз ҳисоби ҳама гурӯҳҳои синнусолӣ иштирок намуданд, ки аз байни онҳо 747 нафар ба даври ноҳиявӣ роҳхат гирифт. Барои ба даври минтақавии озмун роҳхат гирифтан 747 нафар дар назди ҳакамон дониши худро месанҷанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Апрель 21, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» то 19 март идома меёбад
Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Дар Коллеҷи технологӣ-фарматсевтии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба Зафаробод расид
Озмуни «Шоҳномахонӣ» рӯйдоди муҳими фарҳангию маърифатӣ аст
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Суғд барои даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 400 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
«ШОҲНОМАХОНӢ». Дар Хатлон барои ғолибони даври сеюми озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз 200 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид
Сокинони ноҳияи Шаҳритус соҳиби туҳфаи Пешвои миллат- «Шоҳнома»-и безавол мегарданд