Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 15.09.2026 /АМИТ «Ховар»/. 21 сентябр даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» дар шаҳри Душанбе, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаҳои Ҳисор ва Рашт баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ хабар доданд.
Дар даври дуюми озмун аз ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 68 ҳазору 360 нафар довталаб иштирок намуда, 1 ҳазору 744 нафар ба даври сеюм роҳхат гирифтаанд. Аз ҷумла, 169 нафар аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, 629 нафар аз вилояти Хатлон, 469 нафар аз вилояти Суғд, 137 нафар аз шаҳри Душанбе ва 340 нафар аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ мебошанд.
Дар асоси талаботи Низомнома номзадии устодони соҳибтаҷриба ва мутахассисони дорои дараҷа ва унвони илмӣ аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон барои шомил намудан ба ҳайати ҳакамон ва комиссияи апеллятсионӣ пешниҳод гардидааст.
Озмун аз рӯи шаш гурӯҳ ва як номинатсия доир гардида, дар он хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1–4), хонандагони синфҳои 5–8 ва 9–11, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсил, ходимони илмию адабӣ ва эҷодӣ, кормандони соҳаҳои фарҳангу санъат, аспирантон, унвонҷӯён, номзадони илм ва докторантҳо, инчунин калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун иштирок менамоянд.
Барои мукофотонидани ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 миллиону 660 ҳазор сомонӣ ҷудо карда мешавад. Ҳамзамон мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2025 мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд ва Хатлон, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ барои дар сатҳи баланд ташкил ва баргузор кардани даврҳои якум, дуюм ва сеюми озмун масъул буда, вазифадор гардидаанд, ки ғолибон ва омӯзгорони онҳоро аз ҷиҳати моддӣ ва маънавӣ ҳавасманд гардонанд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» бо мақсади арҷгузорӣ ба хизматҳои шоири классики тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ ва омӯзиши осору таърихи пурғановату пурифтихори миллати тоҷик, омӯзиши амиқу ҳамаҷонибаи корномаҳои шоистаи ниёгони миллат дар дарозои таърих, тақвияти ҳисси худогоҳӣ ва худшиносии миллӣ, ифтихори ватандӯстӣ, таҳкими ҳофизаи аҳолӣ ва ба ин васила шинохти нақши халқи куҳанбунёду фарҳангсолори тоҷик дар рушди тамаддуни инсоният, ки бо далелҳои раднопазир ва бо такя ба сарчашмаҳои илмию таърихӣ дар китоби «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ инъикос ёфтааст, доир мегардад.
Ҳадафи асосии баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» аз ҷониби Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷалби ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонон ба мутолиаи амиқи «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ буда, дар баланд бардоштани сатҳи маърифати адабӣ ва таҳкими эҳсоси ифтихори миллӣ саҳми бориз дорад.
Бояд ёдовар шуд, ки барои омода шудан ба ин озмун шоҳасари безаволи Ҳаким Абулқосими Фирдавсӣ «Шоҳнома» бо иқдоми неки фарҳангпарваронаи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав ва бо сифати баланд ба нашр расида, ба ҳар хонаводаи Тоҷикистон тақдим гардид.
Китоб дар Нашриёти «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми ду ҷилд бо теъдоди 1 700 000 нусха ба табъ расидааст.
Ин иқдоми наҷибу камназири Президенти ҷумҳурӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон пеш гирифта шуда, ҳадаф аз он, ба таъкиди Сарвари давлат, «эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносию худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус наврасону ҷавонон мебошад».
«Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ бузургтарин ҳамосаи миллии мардуми ориёинажод ва ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои «Шоҳнома» Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла нигоштаанд: «Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт».
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бо иштироки 602 нафар довталаб даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Имрӯз даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Комиссияи ҷумҳуриявии озмунҳо баргузор гардид
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Малакаи котибони озмун барои кор бо портали электронӣ такмил дода мешавад
«Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ дар озмуни байналмилалӣ соҳиби Шоҳҷоиза гардид
Аз Душанбе 138 нафар ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» роҳхат гирифт
Дар ноҳияи Рӯдакӣ ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» ҷамъбаст гардид
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Зиёда аз 5 ҳазор нафар довталаб ба даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» роҳхат гирифтанд
Имрӯз даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз шуд






