ФАЗИЛАТИ ВАТАНДӮСТӢ ДАР «ШОҲНОМА». Ин достон ба дониш, муҳаббат ва ирода асос ёфтааст

Май 7, 2026 09:19

ДУШАНБЕ, 07.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тақдими асари безаволи «Шоҳнома»-и Ҳакими тӯсӣ Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар хонадони кишвар аз иқдомоти беназир ва муассири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб мешавад, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ба ҳайси армуғон ба миллати тоҷик эҳдо карда шуд. Он ҳадафи меҳансозӣ ва давлатмеҳварӣ ба шумор рафта, ҳадафи аввал эҳё ва таҳкими консепсияи тафаккури миллӣ мебошад.

Қабл аз ҳама, доштан ва хондани “Шоҳнома” ҳисси шуҷоат ва матонатро дар вуҷуди марду зани тоҷик тавлид ва такмил медиҳад. Ҳадафи дуввум- баланд бардоштани фарҳанги китобхонии мардуми тоҷик мебошад, сеюм- ҳувияту ғурури миллии моро тавсеа медиҳад ва муҳимтарин ҳадаф эҳсоси ватандӯстӣ ва ҳифзи марзу буми  мардуми тоҷикро ангеза медиҳад. “Шоҳнома” пайвандгари тамоми мардуми ориёӣ, хосса форсизабонони дунёст, ки дар эҳё ва таҳкими фарҳангу таърихи муштарак моро ба ҳам меорад ва дар бунёни он пажӯҳишу таҳқиқоти нобу муассир таҳия ва баррасӣ мегардад. “Шоҳнома” бо рисолати тарбиявии хеш боз ҳам дар имрӯзу фардои мо асаргузор боқӣ мемонад.

Маҳз адабиёти ғании миллати мост, ки чун ганҷинаи бебаҳои ахлоқ дар тамоми давру замон дар тарбияи миллат саҳми калидӣ доштааст. Хосса дар ташаккули ҳувияти миллӣ саҳми адабиёт хеле вижа арзёбӣ мегардад. Сиёсатшиносон ҳам беасос дар хулосаҳои хеш ба ин маънӣ зикр накардаанд, ки “мавҷудияти ҳувияти миллӣ мавҷудияти миллат ва давлат буда метавонад”.

Мероси адабии ҳар миллат  замина ва фишанги идеологӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо барои тақвияти ҳувияти миллӣ ба шумор меравад. Нухбагони миллати мо дар ин самт заҳмати зиёд кашидаанд. Аз ҷумла, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ба унвони яке аз муҳимтарин матни адабии ҳамосӣ (эпикӣ)-и ҷаҳон, ки бархурдор аз кунишҳо ва манишҳои ахлоқӣ аст, ҳамеша давоми таърих нақши тарбиятгари муҳиммеро дар зиндагии миллати мо ифо кардааст. Агар бигӯем, ки  фарҳанг, забон ва ҳувияти миллии мо таҳти таъсири «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ қарор дорад, саҳве намекунем.

Ҳадафи асосии асари безавол парвариши ҳисси меҳандӯстӣ ва башорат ба худогоҳист.  «Шоҳнома» бузургтарин ҳамосаи миллӣ буда, ҳамчунин ганҷинаи ҳикмату хирад ба ҳисоб меравад. Доир ба сифатҳои «Шоҳнома» Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сарсухани нашри нави он, аз ҷумла мефармоянд: «Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ дар «Шоҳнома», ки дар ҳеҷ миллати дунё ҳамсанги ин китоб асаре нест, таърихи пур аз шодию ифтихор, комёбию нокомӣ, дарду ормонҳои мардумашро бо хуни дил қаламӣ кард ва ба ин васила таърих, фарҳанг, фалсафа, ҳикмат, қисса, асотир ва урфу одатҳои ориёиҳоро зинда ва пойдор гардонид ва ба хизмати наслҳои оянда гузошт».

«Шоҳнома»-и Фирдавсӣ дар ҷаҳон бо баробари  матни ҳамосӣ  маъруфият ёфтанаш бузургтарин асари ҳувиятсози тоҷику форс аст, чунонки Ибни Асир онро «Қуръони аҷамиён» медонад. Таъсири «Шоҳнома» бар зиндагии мардуми тоҷику форс аз дер боз асаргузор аст, чун мавзуи он  таъриху тамаддуни миллати моро аз оғоз то инқирози ҳукумати Сосонӣ ба дасти аъроб фаро гирифтааст.

Фазилати ватандӯстӣ дар аксар ҷомеаҳои башарӣ дорои арзиш ва ҳам мавриди ситоиш аст ва аз нишонаҳои имон маҳсуб мешавад. Дар гузаштаи дуртарини миллати мо эҳсоси меҳандӯстӣ бисёр қавӣ буд, масалан, шоҳ  Дориюш нахуст худро ориёӣ ва баъдан мансуби дине медонист. Дар замони имрӯз сухани  Пешвои миллат “аввал ман тоҷикам, пас мусулмон” паёми ватандӯстона аст.

Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ватани тоҷикону форсҳо бо номҳои «Озодбум» ва «Шаҳри озодагон» ёд мешавад.  «Шоҳнома»-пажӯҳон дар ин назаранд, ки «Шоҳнома» китоби миллӣ аст. Пайдоиши Ориё-Вейҷ (водии ориёиҳо) дар «Шоҳнома» рангу рӯи асотирӣ дорад. Фаридун- подшоҳи асотирӣ ҷаҳонро миёни се фарзандаш тақсим мекунад ва Ориё-Вейҷро, ки беҳтарин сарзамин аст, ба шоистатарин фарзандаш Эраҷ мегузорад. Бо ин тарзи нигориш Фирдавсӣ ба хонандагони асари хеш паёми ватандӯстӣ медиҳад, ки Ориё-Вейҷ бо мардумони боахлоқаш дар асотир ҷойгоҳи вижае дошт ва ин дурнамо барои сохтани ватани беҳтаре мебошад. Дар ин маврид  Ҷалол Холиқии Мутлақ, ки соли 1988 “Шоҳнома”-ро дар Теҳрон   тасҳеҳ карда буд, чунин ақида дорад: “Паёми миллии «Шоҳнома» танҳо ба посдорӣ аз марзу буми Ориё-Вейҷ маҳдуд намегардад, балки ин паём иборат аст аз даъвои ориёӣ дар роҳбарии ҷаҳон. Фирдавсӣ худ ин даъворо надорад, балки ворис ва ноқили он аст”.

Бо мутолиаи достонҳои «Шоҳнома» мушаххас мешавад, ки фазилати ватандӯстӣ дар се қолаб намудор аст:  муқаддам доштани Ватан бар манфиатҳои шахсӣ, тавсифи шоирона аз зебоии кишвар барои ривоҷи меҳандӯстӣ ва ҷонфидоӣ дар роҳи Ватан. Вақте мо  фазилати ватандӯстиро дар «Шоҳнома» баррасӣ менамоем, ин се мавридро дар достонҳо дар доираи  дониш, отифа ва ирода дастабандӣ мекунем.

Нахустин гом барои анҷоми ҳар коре доштани дониш ва огоҳӣ мебошад. Барои фазилати ватандӯстӣ низ бояд бидонем, ки дӯст доштани меҳан ва фидокорӣ дар роҳи он иқдоме арзишманд аст ва фарде, ки дар ин замина маърифати кофӣ надошта бошад, наметавонад ватанпарасти воқеӣ бошад. Ду намуде, ки дониш дар он барҷастатар аст, иборатанд аз муқаддам доштани Ватан аз манфиати шахсӣ ва ҷонфидоӣ дар роҳи Ватан. Дар бораи муқаддам доштани Ватан аз манфиатҳои шахсӣ достони “Разми Суҳроб бо Гурдофарид” ва дар бораи мавриди ҷонфидоӣ дар роҳи Ватан достони “Ҷанги Рустам бо Исфандёр” аз «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ чун намуна мисол оварда мешавад.

Суҳроб, фарзанди Рустам, ки дар хоки Турон ба дунё омада ва парварида шуда, бо қасди ба мансаби шоҳӣ расонидани Рустам бо сипоҳи хосса ба Эрон ҳамла мекунад. Дар Дижи Сапед, пас аз мағлуб кардани паҳлавони эронӣ Гурдофарид-духтари Гаждаҳам, ки падараш фармондеҳи диж аст, ба набарди Суҳроб меравад ва пас аз набард ба дасти ӯ асир мешавад ва барои раҳоӣ ба ҳила даст зада, ба ӯ ваъдаи издивоҷ медиҳад ва аз чанги Суҳроб мераҳад ва  чун ба диж бармегардад, аз ваъдааш мегардад, вақте  Суҳроб аз паймонаш ба ӯ ёдовар мешавад, мегӯяд:

Бихандиду бо ӯ ба афсӯс гуфт,
Ки Турон аз Эрон наёбанд ҷуфт [15, с.198].

Дар ин  маврид нақши дониш пуррангтар аст. Гурдофарид нисбат ба Суҳроб майлу хоҳиш дорад, аммо ӯ медонад, ки набояд ба издивоҷ бо душман роҳ дод, чун хасм ба меҳани ӯ ҳамла кардааст.

Достони Гурдофарид ва Суҳроб аз он огоҳӣ медиҳад, ки ватандӯстӣ аз манфиати  шахсӣ, майлу рағбат ва ишқу ошиқӣ афзалтар аст. Тарбияи хонаводагӣ ва дониши бардоштаи Гурдофарид муқовимат бар майлу хоҳиш дорад, паҳлавони муҳоҷими бегонаро огоҳӣ медиҳад, ки Ватан аз ту авлотар аст.  Гурдофарид бо донистани арзиши меҳан аз муҳаббати худ мегузарад.

Ҷонфидоии Рустамро дар роҳи Ватан дар достони “Ҷанги Рустам ва Исфандёр” Ҳаким Фирдавсӣ пурмуҳтаво тасвир намудааст. Исфандёр писари Гуштосп- подшоҳи Эрон аст ва аз фармонбардориҳо, қаҳрамониҳои хеш ва аз диндориаш назди падар тавсиф мекунад ва аз падар дархости подшоҳӣ мекунад:

Писарро бидеҳ тоҷ акнун ба сар,
Чунон чун ниҳодат  ба сар-бар падар.

Гуштосп ба фарзандаш дар посухи дархост мефармояд, то бо сипоҳе ба Сиистон биравад ва Рустамро асир гирад ва  ба пойтахт биёварад:

Сӯи Сиистон рафт бояд кунун,
Ба кор оварӣ ҷангу рангу фусун.
Бараҳна кунӣ теғу кӯполро,
Ба банд оварӣ Рустами Золро.

Исфандёр дар набард аз нажоди хеш ситоиш мекунад ва нажоди Рустамро накуҳиш менамояд:

Шунав, корҳое, ки ман кардаам,
Зи гарданкашон сар баровардаам.
Нахустин камар бастам аз баҳри дин,
Тиҳӣ кардам аз бутпарастон замин.

Исфандёр бо ҳама арҷмандӣ ва диловарияш, лоақал дар набарди Рустам рамзи як эронии ватанпараст нест. Ӯ намояндаи дини Зардушт аст ва ангезаҳои ӯро аҳдофи динӣ, итоат аз фармони падар ва расидан ба тоҷу тахт ташкил медиҳад, аммо Рустам дар банди ду чиз аст: яке озодагӣ ва ному нанг ва дигаре алоқа ба зодгоҳ ва ватандӯстӣ. Меҳвари суханони ҳар як дар мавриди алоқамандии онҳо мебошад. Рустам дар баробари таърифи Исфандёр аз набардҳои динияш барои густариши дини беҳӣ (ойни Зардушт) бар ватанпарастии худ таъкид дорад. Дар саропардаи Исфандёр хитоб ба ӯ мегӯяд:

Нигаҳдори Эрону Тӯрон манам,
Ба ҳар ҷой пушти далерон манам.

Рустам мехоҳад бигӯяд, ки ӯ рамзи ватанпарастӣ ва ҳифозат аз марзҳои Эрон аст. Ӯ пушту паноҳи диловарони эронӣ буда ва агар ӯ набошад, на далерон пойгоҳе доранд ва на Эрон ҷойгоҳе, ки гӯӣ Рустам аз қолаби як тан фаротар рафта ва табаллури (булурӣ шудани) хости як миллат барои ҷонфишонӣ дар роҳи ватан аст.

Рустам ва Исфандёр ба мубориза бармехезанд, Рустам мутаваҷҷеҳ мешавад, ки тири ӯ бар Исфандёр коргар нест ва рӯйинтании ӯ барояш мусаллам мешавад, чун ӯ ҷавонтару пурқувваттар аз Рустам аст. Рустам медонад, ки бо кушта шуданаш ном ва озодагияш ҳифз мешавад, бинобар ин, чун ҳамеша ин марг нест, ки ӯро метарсонад. Дар набард бо Исфандёр ду чиз ӯро метарсонад: вайронии зодгоҳ ва нобудии дудмони ӯ. Бо худ меандешад:

Вагар ман шавам кушта бар дасти ӯй,
Намонад ба Зобулистон рангу бӯй.
Гусаста шавад номи Дастони Сом,
Зи Зобул нагирад касе низ ном.

Тарси аз байн рафтани сарзаминашро бо падар дар миён мениҳад, Зобул  маҳалли зиндагии ӯ ва дудмони Соми Наримон  бо кушта шудани ӯ аз байн мераванд, пас тарси Рустам барои нобудии зодгоҳаш аст, на аз марги хеш.

Ақлонияте, ки дар ин достон худро нишон медиҳад, Рустам бо биниш ва донише, ки дорад, нигарони ояндаи Сиистон ва Эрон аст ва ба ҳар дар мезанад, то Исфандёрро аз диёр дур кунад.

Ҷолиб аст, ки дар гуфтугӯи Рустам ва падараш Зол, пас аз захмӣ шудани Рустам мебинем, ки падар низ дақиқан чунин назар дорад. Ватандӯстии Зол дар он аст, ки ӯ аз марги фарзанди ягонааш нигарон нест, балки аз ояндаи ватанаш, аз нобудии меҳанаш хавотир аст. Зол ба Рустам мегӯяд:

Ба дасти ҷавоне чу Исфандёр,
Агар ту шавӣ кушта дар корзор.
Баландӣ бар ин бум гардад мағок,
Намонад ба Зобулистон обу хок.

Дар ҳоле ки Рустам ба шиддат захмӣ ва шояд ба гумони Исфандёр ба марг наздик аст, Зол дар ҷустуҷӯи Симурғ аст, то бо наҷоти Рустам сарзаминашро наҷот диҳад.

Ба ёрии Зол Симурғ аз осмон ҳозир мешавад ва аз озурдахотирии ӯ мепурсад. Зол ҳамин ақидаро бо Симурғ низ дар миён мениҳад:

Ҳама Сиистон пок вайрон кунанд,
Ба коми далерони Эрон кунанд.

Симурғ мебинад, ки Зол барои ҳифзи ватанаш омода аст, ки  фарзанди ҷигарбанду номдору шуҷои хеш Рустамро фидо кунад.

Пас фазилати ватандӯстӣ дар Рустам ва падараш Зол аз дониш ва маърифати амиқи онҳо ба вуҷуд омадааст. Дар тамсиле, ки ин ҷо овардем, донишу маърифат бар аҳамияти ҳифзи Ватан дар андешаи падари чорагар ва писари диловар худро нишон медиҳад. Яъне донише, ки метавонад монанди чароғе дар пешорӯи наслҳои ояндаи миллати мо бидурахшад ва ба онҳо дарку маърифате муносиб дар робита бо ватандӯстӣ бидиҳад, онро дар замири насли наврас бояд хонавода, мактаб ва ҷомеа тарбия намояд

Барои анҷоми як кор танҳо доштани дониш кифоя нест, бояд муҳаррике бошад ва ин ҳам муҳаббат аст, ки неруи барангезанда дорад.

Ковус- подшоҳи Эрон ба ҷанги подшоҳи Ҳомоварон меравад ва дар он ҷо бо ҳила дастгир ва зиндонӣ мешавад. Афросиёб — подшоҳи Турон фурсатро ғанимат дониста, ба Эрон ҳамла меорад.

Мардум ва сипоҳиён ба Рустам паноҳ мебаранд. Шеваи Фирдавсӣ дар гуфтугӯи эрониён бо паҳлавони худ ва аксуламали мардум ва Рустам дар бораи ватан ба шиддат барангезанда аст:

Дареғ аст Эрон, ки вайрон шавад,
Куноми палангону шерон шавад.

Дар ин тамсиле, ки овардем, ҳасрати эрониён аз вайронии Ватан дар фазои эҳсосӣ ва изтиробу ҳаяҷон  нишон дода шудааст, ки албатта,  ин нигаронӣ фақат ба ҳамон достон марбут нест, балки нигаронии таърихӣ аст. Бархӯрди Рустам таркибе аз эҳсос ва ақлоният аст, нахуст эҳсоси ҳамдардӣ ба мардум ва сипас истифода аз маърифат ва огоҳӣ барои сомон додани ин отифаҳо. Аз тавсифи Фирдавсӣ бармеояд ва имконпазир аст, ки  аз меҳру шавкат  барои парвариши руҳияи ватандӯстӣ истифода кард.

Пас аз шикастҳои турониён аз Рустам ва сипоҳи Эрон Афросиёб дар ҷустуҷӯи касе, ки битавонад Рустамро шикаст диҳад, паҳлавоне ба номи Пулодвандро ба ҷанги Рустам меоварад. Пулодванд чанд паҳлавони эрониро ҳамзамон шикаст дода, ба набарди Рустам бармехезад. Рустам бо гурз бар сари Пулодванд мекӯбад ва мепиндорад, ки ӯро куштааст. Чун мебинад, ки ӯ зинда аст, Рустам бар ҷони худ бимнок мешавад ва ин тарс дарвоқеъ тарс аз нобудии Эрон аст. Рустам бо Худои худ чунин розу ниёз мекунад, ки агар ман бо дасти Пулодванд кушта шавам, дар Эрон на ҷангҷӯй мемонаду на на буму на бар.

Навъи розу ниёзи Рустам бо Худо бо ҳадафи наҷоти миллат ва кишвар аз душман нишондиҳандаи отифаҳои амиқи қаҳрамони миллӣ ба фазилати ватандӯстӣ аст.

Дар «Шоҳнома» фазилати ватандӯстӣ дар амал нишон дода мешавад. Дар ин достон шоҳиди буруз ва зуҳури амалии фазилати ватандӯстии персонажҳо ҳастем, яъне илова бар донишмандӣ ва отифагӣ амали меҳандӯстонаи қаҳрамонон низ ба намоиш гузошта мешавад…

Тақсимоти ройгони 1 миллиону 700 ҳазор китоби «Шоҳнома» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба сокинони мамлакат дар айёми пуртазоду пешгӯинашавандаи ҷаҳон воситаи таъсирбахше барои ҳифзи ватан ва баланд бардоштани дониши мардум буда, дар ин замина ин асари безавол ба насли ҷавон аз ҳувияти миллӣ ва худогоҳӣ паём меоварад.

Муҷибахон ҶАВҲАРӢ,
раиси кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлисии Олӣ
оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, номзади илмҳои филологӣ

Май 7, 2026 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Фаронса баррасӣ шуд
ҶАВОНОН ВА МАНФИАТҲОИ МИЛЛӢ. Мулоҳизаҳо оид ба фаъолияти Пешвои ҷавонпарвари миллат
Вакилони Маҷлиси намояндагон якчанд санадро ба тасвиб расониданд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Пеш аз сафар ба Федератсияи Русия шаҳрвандони Тоҷикистон бояд чиро донанд?
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Фаронса дар самти таҳкими нақши занон дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ баррасӣ шуд
Эмомалӣ Раҳмон – меъмори имиҷи байналмилалии Тоҷикистон
Дар доираи Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ кадом чорабиниҳо баргузор мешаванд?
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тут барои организм фоидаовар буда, ҷигарро аз чарбҳои зиёдатӣ пок мекунад
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ИҚБОЛИ БАЛАНДИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АЗ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲӢ ТО СОЗАНДАГИВУ БУНЁДКОРӢ. Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ