Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
ДУШАНБЕ, 11.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ сохтмони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №11 идома дорад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ хабар доданд, ҳамзамон дар назди муассиса бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якчанд иншооти ёрирасон, аз ҷумла майдони Парчами давлатӣ, биноҳои хоҷагии ёрирасон, системаи гармидиҳӣ, инфрасохтори муҳандисӣ ва майдончаи варзишӣ сохта мешаванд. Ин иншоот барои фаъолияти босифати муассиса заминаи мусоид фароҳам меоранд.
Ҳоло қариб 70 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, тибқи нақша иншоот то моҳи апрели соли 2026 пурра ба истифода дода мешавад. Муассисаи мазкур бо назардошти талаботи муосир бунёд гардида, барои фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбия пешбинӣ шудааст.
Бунёди чунин муассисаҳои таълимӣ дар доираи сиёсати маорифпарваронаи роҳбарияти олии мамлакат амалӣ гардида, барои беҳтар намудани шароити таҳсил ва тарбияи насли наврас заминаи мусоид фароҳам меорад.
Ҳамзамон бо ин ба рушди инфрасохтори соҳаи маориф ва баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии таълимӣ дар деҳоти ноҳияи Айнӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ








35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд






