Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯз бо риояи анъанаҳои миллӣ ҷашн гирифта шуд
ДУШАНБЕ, 03.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар гулгашти Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалӣ бо шукуҳу шаҳомати хоссаи баҳорӣ ва риояи анъанаҳои миллии наврӯзӣ ҷашн гирифта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Сараввал меҳмонон хонҳои наврӯзии оростаи идораю факултетҳо ва Литсейи инноватсионии назди донишгоҳро тамошо намуданд.
Ректори Донишгоҳи технологӣ Зоир Раҳмонзода гуфт, ки дар даврони соҳибистиқлолии ҷумҳурӣ эҳё ва густариши суннатҳои наврӯзӣ ба марҳилаи тоза ворид гардид. Бо сиёсати фарҳангпарварона ва ташаббусҳои созандаи Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзишҳои аслии Наврӯз аз нав эҳё гардида, ба яке аз рукнҳои муҳими худшиносии миллӣ табдил ёфтанд.
Бо талошҳои пайгиронаи Сарвари давлат ҷашни Наврӯз аз доираи миллӣ берун рафта, ба сатҳи байналмилалӣ бароварда шуд. Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз Созмони Милали Муттаҳид соли 2010 21 мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф намуд. Ин иқдоми таърихӣ боис гардид, ки имрӯз Наврӯз ҳамчун ҷашни сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагии халқҳо дар бисёр давлатҳои ҷаҳон таҷлил карда шавад.
«Имрӯзҳо Наврӯз дар саросари мамлакат бо шукуҳу шаҳомати хоса, аз ҷумла бо усули «деҳа ба деҳа» таҷлил мегардад. Ҳадафи ин ташаббус таҳкими дӯстӣ ва ҳамбастагии мардум, эҳёи анъанаҳои миллӣ, рушди муҳити иҷтимоӣ ва ободонии маҳалҳо мебошад. Маҳз тавассути чунин иқдом мардум дар корҳои ободонӣ, тоза намудани муҳити зист, шинонидани дарахтон ва ҳифзи табиат саҳми фаъол мегузоранд»,-таъкид шуд дар ҷамъомад.
Дар чорабинӣ як зумра омӯзгорон бо нишони «Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон», Ифтихорномаи Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони соҳаи саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодоне, ки соли равон рисолаҳои номзадӣ ҳимоя намудаанд, бо 5000 сомонӣ ва барои ҳимояи рисолаи докторӣ бо 10 000 сомонӣ қадрдонӣ гардиданд. Инчунин кормандони донишгоҳ бо Сипоснома ва Ифтихорномаи донишгоҳ барои меҳнати софдилона ва тарбияи насли наврас сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин чорабиниҳои варзишӣ ҷамъбаст ва ғолибон бо туҳфаҳо қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Донишгоҳи технологии Тоҷикистон










Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






