Дар Душанбе масоили таҳкими амният ва суботи Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид

Апрель 30, 2026 14:33

ДУШАНБЕ, 30.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Осиёи Марказӣ дар даҳсолаҳои охир, бахусус дар шароити шиддат гирифтани ноустувории равандҳои байналмилалӣ мавқеи худро ҳамчун минтақаи дорои аҳамияти стратегӣ нигоҳ доштааст. Чунин иброз гардид зимни Форуми амниятии Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Низоми амнияти Осиёи Марказӣ: нигарониҳо, таҳдидҳои муосир ва зарфияти стратегӣ», ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор гардид.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, форум бо ибтикори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Намояндагии минтақавии Бунёди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ доир шуд. Дар кори он намояндагон ва коршиносон аз институтҳои таҳқиқотии Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон иштирок намуданд.

Иштирокчиён дар ҷаласаи асосӣ масъалаҳо оид ба хатарҳо ва имконоти дохилиминтақавӣ ва фароминтақавӣ, ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва нақлиётӣ-транзитии таъмини амният, инчунин дурнамои имконияти стратегии минтақаро баррасӣ намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода иброз намуд, ки ҳадафи форуми имрӯза аз таҳлили ҳамаҷонибаи воқеияти муосири Осиёи Марказӣ, арзёбии равишҳо ва консепсияҳое иборат мебошад, ки дар дохил ва беруни минтақа ташаккул меёбанд.

«Муколамаи созанда ва шаффофи коршиносон метавонад на танҳо ба баррасии амиқ ва равшан шудани масъалаҳои калидӣ мусоидат намояд, балки барои таҳияи тавсияҳои амалӣ, ки ба таҳкими сулҳи пойдор ва таъмини амнияти фарогир равона гардидаанд, заминаи мусоид фароҳам орад»,–изҳор дошт Хайриддин Усмонзода.

Гуфта шуд, ки яке аз дастовардҳои муҳим дар ин самт ба имзо расонидани созишнома дар бораи нуқтаи пайвасти сарҳадҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар водии Фарғона, инчунин қабули Эъломияи Хуҷанд оид ба «Дӯстии абадӣ» мебошад. Ин санадҳо дар таҳкими эътимод, коҳиши эҳтимоли низоъҳо ва фароҳам овардани муҳити устувори ҳамсоягии нек саҳми назаррас гузошт.

Намояндаи минтақавии Бунёди Конрад Аденауэр дар Осиёи Марказӣ Андре Алгермиссен баён намуд, ки имрӯз барои баррасии яке аз масъалаҳои ниҳоят муҳим ва ҳамзамон мураккаби марбут ба амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ намояндагони муассисаҳои таҳқиқотӣ, доираҳои коршиносӣ, инчунин ташкилоту фондҳои байналмилалӣ ба ҳам омадаанд. Чунин форуму ҷамъомадҳо имкони хубе фароҳам месозанд, то андешаҳо мубодила гардида, роҳҳои муассири ҳалли мушкилоти мавҷуда ва таҳкими суботу амният дар минтақа муайян карда шаванд.

Таъкид гардид, ки дар Аврупо масъалаи таъмини амнияти ҳаёт ва фаъолияти шаҳрвандон дар шароити таҳдидҳои нави замони муосир аҳамияти вижа касб намудааст. Равандҳои глобализатсия дар баробари мусоидат ба рушди ҳамкории иқтисодӣ, технологӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ байни давлатҳо, ҳамзамон боиси пайдоиши якчанд чолишҳои фаромиллӣ мегарданд. Аз ҷумла, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, савдои одамон, гардиши ғайриқонунии силоҳ, қочоқи маводи мухаддир, терроризми байналмилалӣ, инчунин мушкилоти марбут ба амнияти иқтисодӣ ва экологӣ ҳамчун таҳдидҳои ҷиддии замони муосир арзёбӣ шуданд.

«Ҳеҷ давлат наметавонад дар танҳоӣ бо чолишҳои амниятӣ мубориза барад. Аз ин рӯ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ ҳамчун омили калидии таъмини суботу амният арзёбӣ мегардад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар назди наслҳои оянда масъулияти бузург дорад ва маҳз ба ин хотир зарур аст, ки дар ҳама платформаҳое, ки сиёсатмадорон ва коршиносони кишварҳои гуногунро муттаҳид менамоянд, муколамаи ошкоро, созанда ва натиҷабахш пайваста тақвият дода шавад», — гуфт Андре Алгермиссен.

Ёдовар мешавем, ки кори форум то бегоҳ дар чор бахш идома меёбад. Дар бахшҳо мавзуъҳои «Хатарҳо ва имконияти дохилиминтақавӣ дар низоми таъмини амнияти Осиёи Марказӣ», «Хатарҳо ва имконияти фароминтақавӣ дар заминаи таъмини амнияти Осиёи Марказӣ», «Ҷанбаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва нақлиётиву транзитии таъмини амнияти Осиёи Марказӣ» ва «Хатарҳои эҳтимолӣ ва имконияти стратегии рушди Осиёи Марказӣ дар дурнамои наздик» баррасӣ карда мешаванд.

Аз рӯи натиҷаҳои форум самтҳои афзалиятноки ҳамкории давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи таъмини амният муайян гардида, пешниҳодҳои мушаххас барои ҳалли мушкилоти мавҷудаи минтақавӣ таҳия карда мешаванд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 30, 2026 14:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид