Дар ноҳияи Вахш кишти пунбадона идома дорад
ДУШАНБЕ, 21.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Хоҷагии деҳқонии «Шодӣ 2011»-и ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дорои 10 гектар замин буда, дар 8 гектари он пунбадона ва дар 2 гектар сабзавот кишт карда шудааст.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар айни замон бо мақсади ба даст овардани ҳосили фаровон ва саҳмгузорӣ дар рушди иқтисоди миллӣ маъракаи кишти пунбадона идома дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки хоҷагии деҳқонии «Шодӣ 2011» аз соли 2004 таъсис ёфта, дар айни замон дар он 20 саҳмдор фаъолият доранд.
Пахтакорӣ на танҳо ба таъмини соҳаи саноати мамлакат бо ашёи хом мусоидат менамояд, балки дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кори нав ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр низ нақши калон дорад.
Ёдовар мешавем, ки то имрӯз дар вилояти Хатлон дар беш аз 60 ҳазор гектар кишти пунбадона гузаронида шудааст. Кишти дигар зироати кишоварзӣ низ бо маром идома дорад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд
Дар оянда байни Тоҷикистон ва Амрико парвозҳои мустақими ҳавоӣ ба роҳ монда мешаванд
Ҳамкории Кумитаи рушди маҳали Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ оид ба такмили низоми худидоракунӣ баррасӣ гардид
Таҳкими ҳамкории иқтисодию сармоягузории Тоҷикистону Ветнам баррасӣ карда шуд
Масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар самти бехатарии озуқаворӣ бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ шуданд
Байни Тоҷикистон ва Лаос масоили таҳкими ҳамкории сармоягузорӣ ва иқтисодӣ баррасӣ гардид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қирғизистон дар самтҳои тиҷорат, нақлиёт, сармоягузорӣ ва логистика густариш меёбад
Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати «Smart Villages» -и Миср дар соҳаи инноватсия баррасӣ гардид
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид






