Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Остона бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз чорабинии фарҳангӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ва дар фазои тантанавӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон хабар доданд, дар чорабинӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, намояндагони мақомоти давлатии Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон, Қирғизистон, ҳайати намояндагони мақомоти давлатии кишвари иқомат, намояндагони корпуси дипломатӣ ва созмонҳои байналмилалии муқими кишвари иқомат, доираҳои соҳибкорӣ ва хабарнигорон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва донишҷӯёни тоҷик иштирок намуданд.
Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода ҳозиринро бо ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик намуд. Роҳбари намояндагии дипломатӣ изҳор дошт, ки Наврӯз нифоқу низоъ ва бераҳмиву бешафқатиро аз қалби одамон дур сохта, аз рӯзи нек мужда мерасонад.
Дар доираи баргузории чорабинӣ намоишгоҳи идона ороста шуд, ки дар он китобҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, имконияти сайёҳӣ, намунаҳои маҳсулоти ҳунарҳои мардумӣ, аз қабили либосҳои миллӣ, сӯзанӣ, чакандӯзӣ, намунаҳои ресандагиву бофандагӣ, мусаввараҳои миллӣ, маҳсулот аз сангу чӯб, кордҳои миллӣ, асбоби мусиқӣ ва ғайра ба намоиш гузошта шуданд.
Дар яке аз гӯшаҳои толор дастархони идонаи миллӣ бо рамзҳои наврӯзӣ — ҳафт сину ҳафт шин, нону кулчаҳои тоҷикӣ, мавизу донагӣ, намунаҳои маҳсулоти брендҳои ватанӣ, аз қабили ширкатҳои қаннодии «Ширин» ва «Амирӣ», нӯшокиҳои ташнагишикани «Сиёма», «Оби Зулол» ороста ва пешкаши меҳмонон гардид.
Ҳамчунин роҳбари мусиқии Ансамбли халқии “Наврӯз” Ҳусейн Шарифов бо созҳои миллӣ мусиқии тоҷикӣ, қазоқӣ ва дигар халқҳоро навохта, ҳунармандони Академияи хореографии гурӯҳи “НОМАД”-и кишвари иқомат бо рақсҳои анъанавии тоҷикӣ табъи меҳмононро болида намуданд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон


















Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Наврӯз бо риояи анъанаҳои миллӣ ҷашн гирифта шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар тантанаҳои наврӯзӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шарикони рушд иштирок намуданд
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро дар коллеҷҳои омӯзгорӣ ва тиббии шаҳри Турсунзода бошукуҳ таҷлил намуданд
Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ Наврӯз бо риояи суннатҳои миллӣ баргузор шуд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бошукуҳ таҷлил намуданд






