Дар тантанаҳои наврӯзӣ дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ шарикони рушд иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 01.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки яке аз ҷашнҳои бостонии тоҷикон мебошад, дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шаҳомати хос таҷлил гардид. Дар он муовини якуми Сарвазири Тоҷикистон Хоким Холиқзода ва Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Неъматулло Ҳикматуллозода иштирок намуда, кормандони Кумита ва меҳмонон- шарикони рушд ва намояндагони созмонҳои байналмилалиро бо ҷашни Наврӯз табрик намуданд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар базми наврӯзӣ гуфта шуд, ки Наврӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва рамзи эҳёи табиат, сулҳу дӯстӣ ва ҳамбастагӣ байни халқҳо таърихи шашҳазорсола дорад ва дар давраи ҳукмронии шоҳаншоҳи пешдодӣ –Ҷамшед зуҳур намудааст. Наврӯз ҷашнест, ки аз фарорасии фасли баҳор, эҳёи табиат, оғози корҳои
кишоварзию боғдорӣ ва айёми баробаршавии шабу рӯз мужда медиҳад. 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил гардид, инчунин 19 феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон гардид, ки ҳоло дар саросари ҷаҳон бо шаҳомат таҷлил мегардад. Гуфта шуд, ки дар ҷаҳонӣ гардидани ҷашни Наврӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дигар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз саҳми бориз гузоштаанд.
Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври густурда бо тамоми анънаҳояш таҷлил гардида, инъикосгари орзую ормонҳои миллӣ ва фарҳангу тамаддуни миллати тоҷик мебошад.
Иштирокдорони базми наврӯзӣ зимни тамошои суфраи наврӯзӣ бо анъанаю фарҳанги миллӣ, хӯрокҳои миллии тоҷикон, ки аз ҷониби кадбонуҳои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омода гардида буданд, аз наздик шинос шуданд.
Инчунин суруду мусиқӣ ба фазои идона -базми наврӯзӣ шукуҳи хоса зам намуд.
АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистона, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.
Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони Маҷлиси намояндагон муовини якуми Ввазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ ва аъзои кумита оид ба иқтисод ва молия Ҳусния Исҳоқӣ ва Нигина Шарифзода шарҳу тавзеҳ доданд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муҳаммадин, Шодмон, Фарҳод ва Шакармамад соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Рашт гардиданд
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд






