Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
ДУШАНБЕ, 04.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳрҳои Истаравшан, Исфара ва Хуҷанди вилояти Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ-Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Тавре қаблан иттилоъ додем, аз 31 март то 5 апрели соли 2026 бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор мегардад.
Иштирокчиёни фестивал бо маконҳои фарҳангию таърихии шаҳри Истаравшан шинос гардиданд. Инчунин дар доираи фестивал барномаи фарҳангӣ ва анъанаҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз доир карда шуданд.
Фестивал бо иштироки 120 ҷавони фаъолу боистеъдоди мамлакат баргузор гардида, дар доираи он барномаҳои гуногуни маърифатию фарҳангӣ, илмию амалӣ, омӯзишӣ, конфронс ва саёҳат ба мавзеъҳои фарҳангӣ доир гардиданд.
Инчунин дар доираи фестивал иштирокчиён бо мавзеъҳои таърихии шаҳри Хуҷанд ва Исфара шинос гардиданд.
Фестивал бо мақсади васеъ намудани ҷаҳонбинии ҷавонон, шиносоӣ бо фарҳанги ниёгон, урфу одат ва меҳмоннавозии миллати тоҷик, дӯстии ҷавонон, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими сулҳу субот, эҳёи анъанаҳои миллӣ, хусусан дар ҷашни Наврӯз баргузор карда мешавад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе масъалаи ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар мамлакат баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ иқдоми нав амалӣ мегардад
Тоҷикистону Чин дар бахши тандурустӣ Ёддошти ҳамкории сеҷониба ба имзо расониданд
«БАҲОРИ ҶАВОНӢ — НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ». Дар вилояти Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон оғоз гардид
МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд






