Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ба муносибати Рӯзи иқтисодчиён ҳамоиши тантанавӣ доир гардид
ДУШАНБЕ, 08.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи иқтисодчиён, ки ҳамасола 8 апрел ҷашн гирифта мешавад, ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд.
Дар ҷамъомад Вазири рушди иқтисод ва савдо Абдураҳмон Абдураҳмонзода кормандони вазорат ва иқтисодчиёни мамлакатро бо ҷашни касбӣ табрик намуда, иброз намуд, ки имрӯз вазифаи калидии сиёсати иқтисодии давлат баланд бардоштани дараҷаи рақобатнокии иқтисоди миллӣ мебошад. Дар ин замина фаъолияти доимии кормандони Вазорати рушди иқтисод ва савдо маҳз ба ҳамин самт равона шудааст.
Гуфта шуд, ки бо татбиқи саривақтии ҳадафҳои стратегии Ҳукумати мамлакат, қабули қарорҳои дахлдор ва барномаю стратегияҳо рушди иқтисоди миллӣ ҳамасола таъмин мегардад.
Дар ҳамоиш ба кормандони фаъоли вазорат барои хизматҳои арзанда ва шоиста Ифтихорнома тақдим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар мамлакат 8 апрел Рӯзи иқтисодчиён ҳисобида мешавад.
АКС: Вазорати рушди иқисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид
Иқтисодчиён дар ҳалли масъалаҳои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд
Дурнамои ҳамкории иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти рақамикунонии иқтисод ва идоракунии давлатӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ҳамкориро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист тақвият мебахшанд
ИМРӮЗ — РӮЗИ ИҚТИСОДЧИЁН. То соли 2030 ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,8 маротиба афзоиш дода мешавад
Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд






