Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид

Апрель 2, 2026 11:23

ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол таҳти роҳбарии Мубин Эргашев ғолиби Мусобиқаи байналмилалии «The U-23 Tri Nation International Football Tournament 2026» гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар даври ниҳоӣ дастаи мо бо ҳамтоёнаш аз Ҳиндустон бозӣ кард. Бозӣ дар варзишгоҳи «Golden Jubilee Stadium»-и Юпия доир гашта, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи Тоҷикистон ба анҷом расид.  Қаблан дар даври аввал дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон Бутанро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда буд.

Ҳамин тариқ, бо ду пирӯзӣ дар ду бозӣ дастаи мунтахаби олимпии то 23-солаи Тоҷикистон ҷойи якумро ишғол карда, ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Апрель 2, 2026 11:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
БОЗИИ РӮЗ! Имрӯз бозии ниҳоии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2027 байни Тоҷикистон ва Филиппин доир мегардад
Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард