ДАЪВАТИ БАҲОРӢ. Даъватшавандагони ноҳияи Данғара ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пайвастанд
ДУШАНБЕ, 02.04.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Данғара маросими ботантанаи гусели даъватшавандагон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара иттилоъ медиҳад.
Дар ин рӯз ҷавонони ихтиёрӣ аз ҷамоату шаҳракҳои ноҳия ба сафи Артиш гуселонида шуданд. Дар маросим сарбозони оянда ва волидони онҳо бо самимияти хосса нисбат ба ҳифзи марзу буми Ватан сухан гуфтанд. Иброз гардид, ки дар замони соҳибистиқлолӣ тамоми шароит барои хизмати ҳамаҷонибаи сарбозон ва афсарон дар қисмҳои низомӣ фароҳам оварда шудааст. Бояд ҳар ҷавони ватандӯст барои иҷрои саривақтии қарзи шаҳрвандии хеш бе чуну чаро ба Артиш ҳозир гардад.
Артиши миллӣ дар ҳама давру замон ҳомии марзу бум ва нигаҳбони давлат аз ҳуҷуми бегонагон мебошад. Имрӯзҳо бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароити хизмати ҳарбӣ дар қисмҳои низомӣ беҳтар мегардад.
Дар фарҷом тибқи анъанаи миллӣ барои даъватшавандагон маросими нонгазон ва барномаи фарҳангӣ доир ва дастархони идона ороста шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара








Барои масъулини муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар самти татбиқи низоми кредитӣ машварат оғоз ёфт
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Федератсияи Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Хатмкунандагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистонро ба хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ гусел намуданд
Дар моҳи апрел Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
«ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ФАРЗАНДИИ МОСТ!». Ҷавонони шаҳри Ҳисор ба таври ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд
БАРОИ ВАТАН ҶОН ФИДО МЕКУНЕМ! Дар Бӯстон Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд






