Дар Рӯзҳои кинои тоҷик дар Беларус се филми ҳунарӣ намоиш дода мешавад

Апрель 28, 2026 09:57

ДУШАНБЕ, 28.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Рӯзҳои кинои тоҷик оғоз шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» хабар доданд, дар ин рӯзҳо се филми ҳунарии тоҷик – «Дар талоши ҳақиқат», «Зиндагӣ зебост» ва «Пайроҳаи хашм» ба намоиш гузошта мешаванд.

Ҳадаф аз баргузории Рӯзҳои кино муаррифии дастовардҳои синамои миллӣ, таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва густариши ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Беларус мебошад.

Намоиши филмҳо барои тамошобинони Беларус имкон фароҳам меорад, ки бо фарҳанг, таърих ва зиндагии мардуми тоҷик аз наздик шинос шаванд.

Ёдовар мешавем, ки аз 24 апрел то 1 май Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус гузаронида мешаванд. Дар доираи Рӯзҳои кинои тоҷик, намоиши мусаввараҳо, либосҳои миллӣ ва барномаи фарҳангӣ доир мегардад.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Апрель 28, 2026 09:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад