Гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон дар Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 22.04.2026. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 17 апрел дар Ҷумҳурии Арманистон Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» доир гардад, ки дар он гӯшаи фарҳангии Тоҷикистон ба намоиш гузошта шуд.
Тавре аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар гӯшаи Тоҷикистон ҳунарҳои мардумӣ, намунаҳои фарҳанги миллӣ ва имконоти сайёҳии мамлакат ба намоиш гузошта шуданд.
Инчунин санъати фалакхонӣ ва чакан, ки дар рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО сабт шудаанд, муаррифӣ гардид. Дар доираи Фестивал-намоиши байналмилалии «ART EXPO» чорабиниҳои гуногун низ доир шуданд.
Намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамоиши «Меғрӣ — пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-2026» иштирок намуданд.
Ҳамчунин дар барномаи фарҳангӣ оҳанги «Муҳаббат»-и композитори тоҷик Зиёдулло Шаҳидӣ ҳамчун рамзи дӯстии мардумони Тоҷикистону Арманистон аз ҷониби Оркестри давлатии ҷази Арманистон дар сатҳи баланд иҷро гардид.
Дар доираи фестивал-намоиш вохӯрии муовини Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаридун Бобозода бо муовини Вазири маориф, илм, фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Арманистон Даниел Даниелян ва мири шаҳри Меғрӣ Хачатур Андреасян доир шуд. Ҷонибҳо дар вохӯрӣ оид ба рушди ҳамкории соҳавӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Шералӣ Хоҷазода: «Маърифати ҳуқуқӣ омили муҳими ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ мебошад»
Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад






